Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд. Кадом роҳҳо баста шуданд?

Имрӯз, 14-уми ноябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Хуҷанд шуд.

Бино ба иттилои расида, дар ҷараёни ин сафар якчанд иншоот дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба истифода дода мешаванд. Ҳамчунин, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳри Хуҷанд боздид менамояд.

Дар робита ба сафари Президенти мамлакат, шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии ВКД дар вилояти Суғд иттилоъ додааст, ки аз 14 то 16-уми ноябр ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар бархе аз роҳҳо маҳдуд карда мешавад.

14-уми ноябри соли 2023

Ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳои Н.Ҳувайдулоев — Б. Ғафуров — Фотеҳ Ниёзии шаҳри Бӯстон, роҳи автомобилгарди Хуҷанд — Б.Ғафуров — кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳраки Ғафуров — кӯчаи Рӯзибой Юлдошеви ҷамоати Зарзамин ва кӯчаҳои А. Нозиров — Ҳоҷӣ Кенҷаев — Рӯзибой Қосимови ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Б. Ғафуров — кӯчаҳои И. Сомонӣ – Гагарин-Сирдарёи шаҳри Хуҷанд, роҳи автомобилгарди Хуҷанд – Гулистон, ҳудуди ҷамоати Д. Холматови ноҳияи Б. Ғафуров ва кӯчаи Истиқлоли шаҳри Гулистон маҳдуд мешавад.

15-уми ноябри соли 2023

Дар кӯчаи марказии шаҳри Гулистон, роҳи автомобилгарди Хуҷанд – Б.Ғафуров, кӯчаҳои И. Сомонӣ — Фирдавсӣ — 25- солагии Истиқлолият — Р. Ҳоҷиев — роҳи автомобилгарди Душанбе –Хуҷанд – Чаноқ, ҳудуди маҳаллаи Сартуқаи ноҳияи Б. Ғафуров — кӯчаҳои Раҳим Ҷалил — Султон Умаров ва Сирдарёи шаҳри Хуҷанд, роҳи автомобилгарди Хуҷанд — Гулистон ҳудуди ҷамоати Д. Холматови ноҳияи Б. Ғафуров ва кӯчаи Истиқлоли шаҳри Гулистон ҳаракати нақлиёт маҳдуд карда мешавад.

 16-уми ноябри соли 2023

Ҳаракати нақлиёт дар кӯчаи марказии шаҳри Гулистон, роҳи автомобилгарди Хуҷанд – Б.Ғафуров, кӯчаҳои Фотеҳ Ниёзӣ — Б. Ғафуров — Ҳувайдулоеви шаҳри Бӯстон маҳдуд карда мешавад.

Аз шаҳрвандон хоҳиш карда шудааст, ки ҳангоми маҳдуд шудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои автомобилгарди кӯчаҳои зикргардида, ҳаракати худро тариқи кӯчаҳои ҳамшафат идома диҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *