Сафари кории Қоҳир Расулзода ба Хатлон

Дар доираи сафари кории Қоҳир Расулзода, Сарвазири мамлакат дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 16 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд.

Баъди ифтитоҳи иншооти мавриди назар беш аз 7 ҳазору 600 ҷойи нишаст барои хонанда фароҳам гардид.

Дар доираи ин сафар дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин парда аз рӯи муҷассамаи шоир ва мутафаккири маъруфи тоҷик Шамсиддини Шоҳин бардошта шуд.

Дар ин рӯз бо иштироки Қоҳир Расулзода, Сарвазири кишвар ва Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон дар шаҳру ноҳияҳои Темурмалик, Фархор, Восеъ, Шамсиддин Шоҳин ва Кӯлоб якчанд иншоот ба истифода дода шуд, ки аксари он ба соҳаи маориф рост меояд.

Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон ба Pressa.tj иттилоъ доданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *