Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба Файзобод
Имрӯз, 30 сентябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Файзобод нахуст аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуд.
Ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ дода шуд, ки соли равон кишоварзони ноҳия бо истифода аз имкониятҳои мавҷудаи табиӣ майдони кишти зироатҳои кишоварзиро ба 10 ҳазору 214 гектар расонидаанд.
“Меҳнати пайвастаи хоҷагидорон ва риояи агротехникаи кишту парвариш имкон фароҳам овард, ки дар ноҳияи Файзобод афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ таъмин шавад”,-иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Сарвари давлат.


Тавре иттилоъ дода шуд, ба ҳолати 1 сентябри соли 2025 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия 7 ҳазору 116 тонна картошка, 7 ҳазору 39 тонна ғалладонагӣ, 7 ҳазору 646 тонна меваҷот, 6 ҳазору 97 тонна сабзавот, 155 тонна ангур, 9 тонна полезӣ, 10 ҳазору 755 тонна шир, 2 ҳазору 156 тонна гӯшт, 53 тонна асал, 2,8 тонна моҳӣ ва 48 миллиону 375 ҳазор дона тухм истеҳсол шудааст.
Ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ дода шуд, ки дар ноҳия ҷамъоварии ҳосили помидор, ҷуворимаккаи дон, қаламфури булғорӣ ва лӯбиёгиҳо аз кишти такрорӣ дар майдони 240 гектар идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ