Сафари вазири мудофиаи Тоҷикистон ба Эрон
14-уми апрел Эмомалӣ Собирзода, вазири мудофиаи Тоҷикистон дар раъси як ҳайат ба шаҳри Шерози Эрон сафар кард.
Ӯро дар фурудгоҳ Ҳусейналӣ Амирӣ, устондори Форс (раиси вилояти Форс) пешвоз гирифт.
Дар ин бора расонаҳои Эрон иттилоъ дода, навиштааанд, ки “Эмомалӣ Собирзода пас аз вуруд ба Шероз бар равобити дӯстонаи Эрон ва Тоҷикистон таъкид ва аз ҳузури худ дар Ҷумҳурии Исломӣ ва меҳмоннавозии устондори Форс изҳори хушнудӣ ва қадрдонӣ кард”.
Ба навиштаи хабаргузории ИСНА, Ҳусейналӣ Амирӣ низ бар мушобеҳоти зиёди фарҳангии Эрон ва Тоҷикистон таъкид карда, бахшҳои ҳамкориҳои ду кишварро густурда хондааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ