Сафи табибони фавтидаи Хуҷанд афзуд

Дар як шабонарӯзи охир ин дуюмин табиби маъруф аст, ки дар Хуҷанд тарки ин дунё мекунанд.

Садриддин Раҳимов, мудири шӯъбаи ҷарроҳии калонсолони беморхонаи вилоятӣ, Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 4 ноябр аз олам чашм пӯшид. Садриддин Раҳимов аз ҷумлаи табибоне буд, ки аз ибтидо дар хатти аввали ҷабҳаи мубориза бо коронавирус қарор дошт ва садҳо нафарро аз коми ин вабо наҷот додааст.

Замониддини Насриддин, олими тоҷик, ки хабари марги Садриддин Разимовро дар Фейсбук нашр кард, ӯро «яке аз ҷарроҳони сатҳи ҷаҳонии вилояти Суғд» ва «духтури дараҷаи олӣ» номида, навиштааст: «Дасти шифобахши ин табиби исавиҳуш тани дардманди ҳазорон беморонро шифо бахшида аст. Аз аввали пайдо гаштани бемориҳои мансуб ба Коронавирус, дар ҷабҳаи мубориза бо ин вабо истода, табобати гирифторони ин бемории беамонро ба дӯш дошт. Рӯҳат шод бод, табиби ҳозиқ!»

Дар як шабонарӯзи охир ин дуюмин табиби маъруф аст, ки дар Хуҷанд тарки ин дунё мекунанд. Исматулло Ибодуллоев, мудири шуъбаи андрологияи Бемористони ҷумҳуриявии физиотерапевтии шаҳри Хуҷанд, шоми 3 ноябр дар синни 60 аз олам чашм пӯшид. Ӯро субҳи 4 ноябр дар зодгоҳаш – ҷамоати Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров ба хок супурданд. Исматулло Ибодуллоев тамоми моҳи октябр дар хонааш аз бемории монанд ба «илтиҳоби шуш» табобат мегирифт

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *