Сафир ҳамсари Фирӯз Баҳор — Эрна Ҳайзерро бо 80-солагии зодрӯзаш табрик гуфт

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Имомудин Сатторов хонум Эрна Ҳайзерро, ки ба синни 80-солагӣ қадам ниҳод, табрик намудааст.

Бино ба иттилои Сафорати Тоҷикистон дар Берлин, бо назардошти саҳми назарраси оҳангсоз Эрна Ҳайзер дар ташвиқи санъати миллии тоҷик дар Олмон, Имомудин Сатторов ба мавсуф номаи шодбошии вазири фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ироа кардааст.

Гуфта мешавад, ки Эрна Ҳайзер ҳамзамон барои хизматҳои шоён дар муаррифии имлу фарҳанги тоҷик дар кишвари иқомат ва ҳамчун узви фаъоли Раёсати Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Олмон бо Ифтихорномаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки Эрна Ҳайзер ҳамсари оҳангсози касбии тоҷик Фирӯз Баҳор буда, шуруъ аз соли 1996 инҷониб дар Олмон умр ба сар мебарад. Номбурдагон бинобар синну солашон бознишаста буда, новобаста аз ин ба корҳои эҷодӣ машғул мебошанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.