Сафири Чин фаъолияти дипломатиашро дар Тоҷикистон анҷом дод

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҷи Шумин, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чинро ба муносибати анҷоми фаъолияти дипломатиаш ба ҳузур пазируфт.

Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷӣ хабар медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Чинро баррасӣ карданд.

Сироҷиддин Муҳриддин саҳми Ҷи Шуминро дар густариши муносибатҳои ду кишвар баланд арзёбӣ намуда, ба сафир “барои саҳми арзандааш дар рушди муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва таҳкими шарикии стратегӣ байни Тоҷикистон ва Чин” изҳори сипос намуд.

Ҷи Шумин низ барои ҳамкориҳои судманд ва дастгирӣ дар ҷараёни фаъолияти дипломатияш дар Тоҷикистон изҳори ташаккур гуфта, таъкид намуд, ки ба рушди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Чин умедвор аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *