Сафири тозатаъйини Тоҷикистон ба Президенти Ӯзбекистон эътимоднома супорид
Pressa .tj. 27 ноябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Исматулло Насриддин эътимодномаи худро ба Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев супорид, хабар медиҳад АМИТ “ХОВАР”.
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни эътимодномасупорӣ сафири Тоҷикистон дуруду таманниёти неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев расонид.
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон оид ба таҳкими ҳамкории мутақобили судманди дуҷониба ва бисёрҷониба дар соҳаҳои гуногун, ки ба манфиатҳои ду мардуми бародар ҷавобгӯ мебошанд, ибрози андеша кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ