Сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон бинои нав месозад

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар доираи сафари кории худ ҷиҳати иштирок дар Конфронси дуюми вазирони “Италия — Осиёи Марказӣ” дар қолаби С5+1 дар Тошканд ҳамроҳ бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода дар маросими ифтитоҳи корҳои сохтмонӣ дар маҷмааи бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок намуда, барои оғози сохтмони иншооти мазкур санги асос гузоштанд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷмааи биноҳои нави Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар асоси «Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба мутақобилан ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони биноҳои намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон» дар маркази шаҳри Тошканд, дар масоҳати 1,40 га бунёд мегардад.

— Тибқи лоиҳа маҷмааи биноҳои Сафорат аз қароргоҳи Роҳбари намояндагӣ, бинои консулӣ, хонаҳои истиқоматӣ барои кормандон, толори зиёфат ва маҷлисгоҳ, гузаргоҳҳои назоратӣ, таваққуфгоҳ ва майдончаи варзишӣ иборат аст,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *