сафорат

Сафорати Тоҷикистон дар Русия мекӯчад

— Дар Маскав намояндагии дипломатии Тоҷикистон тағйири макон мекунад,- иттилоъ дод Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Ба иттилои вазорат, сафорати кишвар дар Русия, ки солҳои сол дар Маскав дар кӯчаи Гранатний переулок буд, акнун ба бинои Меҳмонхона (Гостевой дом)-и Ҳукумати Тоҷикистон, ки дар буриши кӯчаи дуюми Тверская-Ямская, кӯчаи Чаянов, бинои 3 қарор дорад, кӯч мебандад.

Ёдовар мешавем, ки ахиран Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни сафараш ба Русия бо ҳамтои русаш мулоқот кард.

Баъд аз музокирот миёни Русияву Тоҷикистон Протоколи иловагии №1 ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба шароити ҷойгиршавӣ ва хизматрасонии намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Тоҷикистон дар Русия ва Русия дар Тоҷикистон ба имзо расид.

Меҳмонхона (Гостевой дом)-и Ҳукумати Тоҷикистон дар маркази шаҳри Маскав, дар буриши кӯчаи дуюми Тверская-Ямская ва кӯчаи Чаянов, дар фосилаи ҳамагӣ 550-600 метр аз истгоҳҳои метрои Белорусская ва Маяковская ҷойгир шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *