Саги бесоҳиб: Маро ғам надеҳ, ки 600 сомонӣ ҷарима мешавӣ

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ҳафтаи равон тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро қабул кард, ки барои муносибати бераҳмона бо ҳайвоноту парандаҳо ҷавобгариро пешбинӣ кардааст
Бо пешниҳоди вакилон Рустам Латифзода, Рустам Шоҳмурод ва Ҷамшед Муртазозода барои роҳандозии муҷозоти афроди бераҳм дар нисбати ҳайвонҳо тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунӣ ворид шуд.
Баҳриддин Зиёӣ, вакили парлумон зимни муаррифии тарҳ гуфт, барои муносибати бераҳмона нисбат ба ҳайвонот ва парандаҳо, аз ҷумла, ҳайвоноти бесоҳиб, яъне мавриди шиканҷа, латукӯб, азобу уқубат қарор додан ё содир намудани ҳаракатҳои дигари зӯроварӣ, ки боис ба маъюбӣ ё ҳалокати онҳо нагардидааст, ҷарима аз се то панҷ нишондиҳанда ё аз 180 то 300 сомонӣ пешбинӣ шудааст. Як нишондиҳанда дар Тоҷикистон баробари 60 сомонӣ мебошад.
Тибқи қисми 2 моддаи 277 – и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои бераҳмӣ нисбат ба ҳайвонот ва парандаҳо бо мақсади ғаразнок, ба таври оммавӣ ё бо истифодаи интернет, ки боиси маъюбӣ ё ҳалокати онҳо гардидааст ва ё дар ҳузури шахсони баръало хурдсол содир шуда бошад, ҷарима ба андозаи аз панҷ то даҳ нишондиҳанда ё худ аз 300 то 600 сомонӣ таъин мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *