Саида Мирзиёева роҳбари Дастгоҳи Президенти Ӯзбекистон таъин шуд

Саида Мирзиёева роҳбари Дастгоҳи Президенти Ӯзбекистон таъин гардид.

Саида Мирзиёева то таъин шудан ба ин вазифа, ба ҳайси ёвари президенти Ӯзбекистон фаъолият мекард. Ӯ инчунин дар гузашта ба ҳайси мудири бахши коммуникатсия ва сиёсати иттилоотии Дастгоҳи иҷроияи президент ва муовини директори Агентии иттилоот ва коммуникатсияҳои оммавӣ кор кардааст.

Саида Мирзиёева, духтари Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аст. Ӯ  хатмкардаи Донишгоҳи иқтисод ва дипломатияи ҷаҳонӣ, магистри Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошканд ва Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Ломоносов мебошад. Номзади  илмҳои иқтисодӣ буда, таҷрибаи чандинсола дар соҳаҳои сиёсати иттилоотӣ ва иртибот бо ҷомеаро дорост.

Сохтори Дастгоҳи президенти Ӯзбекистон соли 2023 бозбинӣ шуда, вазифаи роҳбари он барҳам дода шуда буд. Бо фармони нав, ин вазифа дубора таъсис дода шуд. Роҳбари қаблии дастгоҳ Сардор Умурзоқов, ҳоло ба ҳайси ёвари президент оид ба супоришҳои махсус фаъолият мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *