Салафиҳо дар либоси занона


Вазорати кор
ҳои дохилии Тоҷикистон дар нашри навбатии барномаи телевизионии «Ахбори ВКД – Сипар” аз боздошти ҳайратовари ду марде хабар дод, ки бо мақсади пинҳон кардани худ аз таъқиби мақомот … либоси занона пӯшида мегаштанд.

Ин ду нафар, ки ба гуфтаи мақомот, барои қасди рафтан ба Сурия таҳти таъқиб қарор доштанд, чунон ба нақши зан даромада буданд, ки ҳиҷоби саропо сафед пӯшида ва ҳатто дар даст сумкаи занона мегардонданд.

Бино ба гузориши нашршуда дар барномаи «Аxбори ВКД – Сипар”, Сафаров Акмал Абдураҳимович, соли таваллудаш 1985, ва Нуралиев Алишер Холдорович, соли таваллудаш 1983, зода ва истиқоматкунандагони ноҳияи Шаҳритӯс бар асоси моддаҳои 32 ва 401, прим 1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне сӯиқасд ба ҷиноят ва ҷалбу иштироки ғайриқонунӣ дар задухӯрдҳои мусаллаҳона дар қаламрави давлатҳои дигар таҳти кофтуков қарор доштанд. Онҳоро баъди маълум шудани қасдашон барои сафар ба Сурия таҳти таъқиб қарор додаанд.

Маркази матбуотивазорати корҳои дохила мегӯяд, Акмал Сафаров ва Алишер Нуралиев «бо пӯшидани либоси занона худро аз чашми қонун ва кормандони милиса пинҳон намуда, дар байни ҷомеа гашту гузор мекарданд ва гумон доштанд, ки кирдори ҷиноятии онҳо пинҳон хоҳад монд.”

Мақомоти милиса дар ҷараёни як амалиёт ин ду ҷангии собиқро дар ҳоле дастгир карданд, ки ҳарду … либоси занонаи сафед дар тан ва ҳатто халтаи занона дар даст доштанд. Вазорати дохила ин ду нафарро «ду ҷинояткори барои ҷомеа хеле хафвнок” ном бурда, мегӯяд, ки онҳо аз ҷониби кормандони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил (УБОП)-и ин вазорат дастгир шуданд.

Акмал Сафаров дар ин гузориш ҳиҷоби сафеди занона дар танаш мегӯяд: «Ман соли 2015 др ҳамин гуруҳи террористии салафӣ қӯш шудам. Ман, Улуғбек ва Акмал якҷоя Қазоқистон рафтем. Дар онҷо як бачаи ношинос худашро Абдулло гуфта шинос кард. Моро дар аэропорт ӯ пешвоз гирифт. Дуюм карат рафтан ҳам мо як мақсад доштем, ки ҳиҷрат кардан ба сӯи Сурия.”

Алишер Нуралиев дар ҳоле ки бандакҳоро аз эзори занонаи танаш мекушод, дар посух ба ин суол ки ин бандакҳоро барои чӣ мебастед?, гуфт: «Ин бандак барои майда-майда гаштан буд. Ранги занакҳо барин гаштан.”

Корманди милиса аз Нуралиев мепурсад, ки мақсад аз либоси занона пӯшидани шумо чӣ буд?

Алишер Нуралиев дар посух мегӯяд: «Мақсад ин буд ки милисаҳо моро нашиносанд.”

Вазорати дохила дар анҷоми гузориша гуфт, дар ҳоли ҳозир Акмал Сафаров ва Алишер Нуралиев ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, тафтиши қазияашон идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *