Самарқанд. Ҳамоиши байналмилалӣ ҳифзи ҳайвонҳои ваҳшӣ ва набототро баррасӣ мекунад

 Дар ин рӯзҳо шаҳри бостонии Самарқанд меҳмонони зиёдро аз чаҳор гӯшаи олам гирдиҳам овардааст. Он таҳти унвони “Аз сиёсат то амалия: Мониторинг, маблағгузорӣ ва амал оид ба тиҷорати танзимшавандаи ҳайвоноти ваҳшӣ” сурат мегирад. Гуфта мешавад, Ӯзбекистон расман 20-умин Конфронси Тарафҳои Конвенсия оид ба тиҷорати байналмилалии намудҳои зери хатари нобудшавӣ қарордоштаи ҳайвоноти ваҳшӣ ва наботот (CITES CoP20)-ро мизбонӣ мекунад, ки аз 24 ноябр то 5 декабри соли 2025 дар ин шаҳр мегузарад.

 Дарвоқеъ, CITES як созишномаи байналмилалист, ки Конвенсия дар бораи тиҷорати байналмилалии намудҳои зери хатари нобудшавӣ қарордоштаи фауна  ё ҳамаи хайвонот ваҳшӣ ва набототро ифода менамояд. Ҳадафи он танзими тиҷорати байналмилалии ҳайвоноти ваҳшӣ ва растаниҳо барои таъмини он аст, ки зинда мондани онҳо таҳти хатар қарор нагиранд. Гуфта мешавад, ин созишнома беш аз 40,900 намудро, ки тақрибан 6,610 намуди ҳайвонот ва 34,310 намуди растаниро дар бар мегиранд, ҳифзу ҳимоя мекунад.

Яке аз чорабиниҳои калидии ин ҳамоиш Муколамаи сатҳи баланд оид ба маблағгузории ҳифзи табиат аст, ки ба пешбурди роҳҳои ҳалли инноватсионии маблағгузорӣ ҷиҳати ҳифзи гуногунии биологӣ равона шудааст. Ҳамоишро Азиз Абдуҳакимов, мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои экологӣ, раиси Кумитаи миллии экология ва тағирёбии иқлим, Ивонн Игеро, Дабири кулли Котиботи CITES ва Акико Фуҷий, Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Ӯзбекистон ифтитоҳ карданд.

 Гуфта шуд, ки баргузории Конфронс дар Самарқанд як қадами муҳим дар тақвияти ҳамкории байналмилалӣ мебошад ва ӯҳдадории кишварҳои иштирокчии онро ба ҳифзи ҳайвоноти ваҳшӣ ва истифодаи устувор бори дигар тасдиқ менамояд.

 Дар ҷаласаи панелӣ Муколамаи вазирони Осиёи Марказӣ дар мавзӯи “Ҳалли инноватсионии минтақавӣ барои ҳифзи гуногунии биологӣ” ба вуқӯъ пайваст, ки дар он Эрлан Нисанбоев, вазири экология ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Қазоқистон, Алмаз Мусоев, муовини вазири захираҳои табиӣ, экология ва назорати техникии Ҷумҳурии Қирғизистон ва Чаригелди Бобанниёзов, вазири ҳифзи муҳити зисти Туркманистонширкат ва суханронӣ карданд.

 Дар ҳамоиш як гурӯҳ фиристодаҳои Тоҷикистон ширкат доранд. Интизор меравад, ки Баҳодур Шерализода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, низ ба ҳамоиши мазкур хоҳад пайваст.

 Ба гуфтаи иштирокчиёни ҳамоиш тамоюлҳои ҷаҳонӣ нишон медиҳанд, ки ҷараёни молии мавҷуда – тақрибан 143 миллиард доллар дар як сол, ки 80-85% аз он маблағгузории давлатӣ аст – нокифоя аст. Барои ноил шудан ба ҳадафҳои ҷаҳонӣ, ки дар чаҳорчӯбаи гуногунии биологии Кунминг-Монреал (KMGBF) зикр шудаанд, тақрибан 824 миллиард доллар дар як сол лозим будааст.

 Чорабинии сатҳи баланд барои роҳбарони ҳайатҳо роҳҳои ҳалли инноватсионии маблағгузории ҳифзи табиат ва таҷрибаҳои муваффақи кишварҳои минтақаро муаррифӣ менамояд. Иштирокчиёни ҳамоиш равишҳои муттаҳидшударо, ки захираҳои дохилӣ ва байналмилалӣ, сармоягузории давлатӣ ва хусусиро муттаҳид мекунанд, байни ҳам муҳокима хоҳанд кард.

 Гуфта мешавад, ки таваҷҷӯҳи махсус ба механизмҳои маблағгузории омехта, каталоги роҳҳои ҳалли BIOFIN, рақамҳои иҷозатномаи ҳифзи табиат ҳамчун абзор барои маблағгузорӣ ва пешбурди ҳифзи ҳайвоноти ваҳшӣ, роҳҳои ҳалли ҳифзи гурбаҳои калон (паланги барфӣ, паланг, ягуар), механизмҳои марбут ба CITES – “бондҳои табиат”, REDD+, PES, биокредитҳо ва воситаҳои суғурта равона карда мешавад:

 Тавре ки раиси кумитаи экология ва тағйирёбии иқломи Ӯзбекистон Азиз Абдуҳакимов гуфт, онҳо лоиҳаҳоро бо кумаки Ҳукумати Аморати Муттаҳидаи Араб барои таъсиси ниҳолхонаҳо ва плантатсияҳои махсус амалӣ мекунанд, ки ба парвариш ва барқарорсозии намудҳои нобудшавандаи ҳайвоноти ваҳшӣ ва наботот нигаронида шудаанд.

 -Ӯзбекистон омодааст, ки кӯшишҳои амалии худро дар тамоми минтақа васеъ кунад. Мо итминон дорем, ки танҳо як равиши ягона ва ҳамоҳангшудаи минтақавӣ метавонад бо тиҷорати ғайриқонунӣ самаранок мубориза барад ва зинда мондани намудҳоеро, ки дар саросари Осиёи Марказӣ муҳоҷират мекунанд, таъмин намояд,-гуфт А.Абдуҳакимов.

 Вай афзуд, ки мисли дигарон Ӯзбекистон низ ба принсипи он ҳамеша содиқ мемонад, ки табиат хонаи умумии ҳама аст ва ҳифзи он масъулияти муштараки ҳама мебошад. Барои ҳамин ҷиҳати ҳамкорӣ ва амалӣ намудани ташаббусҳои ин самт кӯшиш ба харҷ хоҳад дод, то Осиёи Марказӣ ба минтақаи амалҳои ҳамоҳангшуда табдил ёбад.

 Дар ҳамоиш ба он масъала низ таваҷҷӯҳ карда шуд, ки консепсияи “Табиат сарҳад намедонад” ва таблиғи он хеле муҳим аст. Инчунин ин консепсия на танҳо ҳамчун як шиор, балки як принсипи асосӣ ва биниши сиёсати экологии давлатҳо қарор гирад. Қайд гардид, ки мушкилоти асосии экологӣ дар Осиёи Марказӣ аксар вақт табиати фаромарзӣ мебошанд. Муҳоҷирати намудҳои нодир, аз ҷумла антилопаи сайгак, кулан ва паланги барфӣ, инчунин деградатсияи замин, биёбоншавӣ ва тиҷорати байнисарҳадии ҳайвоноти ваҳшӣ – ҳамаи ин равандҳое ҳастанд, ки дар марзҳои давлатӣ ё хатҳои харита қатъ намешаванд. Аз ин рӯ, тақвияти ҳамкории минтақавӣ, мубодилаи маълумот ва ҳамоҳангсозии чаҳорчӯбаҳои қонунгузорӣ барои ҳама муҳим мебошад.

 Дар доираи Муколамаи сатҳи баланд оид ба тақвияти таъсири стратегии Конфронси 20-уми Тарафҳои CITES, маросими имзои Эъломия ва Нақшаи амали Самарқанд оид ба ҳамкории минтақавӣ барои солҳои 2026-2032 оид ба дастгирии истифодаи устувори захираҳои ҳайвоноти ваҳшӣ ва наботот, мубориза бо тиҷорати ғайриқонунии ҳайвоноти ваҳшӣ дар Осиёи Марказӣ байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

 Эъломия ва нақшаи амали қабулшуда, ки якҷоя бо Traffic International таҳия шудаанд, ӯҳдадории кишварҳои Осиёи Марказиро барои мубориза бо таҳдидҳои афзоянда ба гуногунии биологии минтақа, ки бо аз даст додани муҳити зист, тағирёбии иқлим, шикори ғайриқонунӣ ва тиҷорати ғайриқонунии ҳайвоноти ваҳшӣ алоқаманданд, инъикос мекунад. Дар ин ҳуҷҷат тақвияти ҳамкорӣ байни мақомоти миллии экологӣ, гумрук, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ, таъсиси гурӯҳҳои кории миллӣ барои мубориза бо ҷиноятҳои ваҳшӣ, беҳтар кардани мубодилаи иттилоот ва таблиғи технологияҳои муосири мониторинг пешбинӣ шудааст.

Ҳамкории минтақавӣ тавассути мубодилаи мунтазами маълумоти амалиётӣ, таҳияи механизмҳои муштараки назорат, таъсиси шабакаи минтақавӣ барои мубориза бо тиҷорати ғайриқонунӣ ва амалҳои ҳамоҳангшуда дар минтақаҳои наздисарҳадӣ тақвият дода мешавад. Ғайр аз ин, кишварҳо ба мувофиқа расиданд, ки чаҳорчӯбаи ягонаи стратегиро таҳия ва амалӣ кунанд, ки мубориза бо қочоқи ғайриқонунии ҳайвоноти ваҳшӣ, барқарорсозии экосистема, ҳифзи намудҳои нодир, рушди малакаҳои мутахассисон ва дастгирии роҳҳои ҳалли устувори иқтисодӣ, аз ҷумла рушди экотуризм ва иштироки ҷомеаҳои маҳаллӣ дар ташаббусҳои ҳифзи табиатро дар бар мегирад.

Имзои Эъломияи Самарқанд ӯҳдадории кишварҳои Осиёи Марказиро барои ҳамкорӣ ҷиҳати ҳифзи мероси беназири табиии минтақа, таъмини омезиши ҳамоҳанги устувории экологӣ, ҳамгироии иҷтимоӣ ва рушди иқтисодиро таъкид мекунад.

 Ҳамоиш то 5 декабр давом хоҳад кард.

Мирасрор АҲРОРОВ,

шаҳри САМАРҚАНД.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *