Санаи дақиқи сафари Президенти Қирғизистон ба Тоҷикистон маълум шуд
8 июл Президенти Қирғизистон Садир Жапаров бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Душанбе мешавад.
Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.
Гуфта мешавад, ки сафари давлатии Президенти Қирғизистон аз 8 то 9 июл дар Тоҷикистон идома меёбад.
Зимни ин сафар мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қирғизистон, имзои санадҳои нави ҳамкорӣ ва чорабиниҳои дигари муҳим, аз ҷумла ҳамоиши тиҷоратию сармоягузорӣ дар назар дошта шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ