Ҳунарманди шинохтаи тоҷик Тамара Абдушукурова даргузашт
Имрӯз, 7 июл Тамара Абдушукурова, ҳунарманди маъруф, коргардони варзида ва собиқ вазири фарҳанги Тоҷикистон дар синни 85-солагӣ аз олам даргузашт.
Хабари даргузашти Тамара Абдушукуроваро шогирдон ва пайвандонаш тасдиқ карданд. Маросими видоъ ва ҷанозаи марҳум имрӯз, 7 июл, соати 19:00 дар назди манзили зисташ воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Пушкин 8, хонаи 9 баргузор мегардад.
Тамара Абдушукурова 24-уми августи соли 1940 дар ноҳияи Ғарми Тоҷикистон ба дунё омада, баъдан таҳсили олиро дар Донишкадаи санъати театрии ба номи Луначарскийи шаҳри Маскав (ГИТИС) ба анҷом расонидааст. Солҳои тӯлонӣ дар Театри давлатии академии драмаи ба номи А. Лоҳутӣ ба ҳайси ҳунарпеша ва коргардон фаъолият намудааст. Ӯ ҳамчунин дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон дарс гуфта, муддате муовини ректор ва сипас ректори ин донишкада буд.
Аз соли 1990 то 1992 Тамара Абдушукурова вазифаи Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар уҳда дошт.
Марҳум дар саҳнаи театр бо иҷрои нақшҳои хотирмон ва тасвири занони қавиирода шинохта мешуд. Аз ҷумла, нақшҳои ӯ чун Смералдино дар “Шоҳ Гавазн”, Варя дар “Ҷавоне аз шаҳри мо”, Бунафша дар “Деҳотӣ”, Нозӣ дар “Дуэл” ва Мавҷуда дар “Иродаи зан” дар хотираи тамошобинон нақш бастаанд.
Ӯ инчунин чун коргардон бо намоишномаҳои “Никоҳи мунтахаб”, “Ёрони маҳбуб”, “Беҷиҳоз”, “Зангирӣ” ва дигар асарҳо саҳнаи театрро ғанӣ гардонидааст. Барои саҳм ва хизматҳои арзишмандаш дар рушди фарҳангу санъати миллӣ бо унвони Ҳунарпешаи хидматнишондодаи Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ