Дар Душанбе консерти фарҳангии “Дӯстии абадӣ” баргузор мешавад
Дар шаҳри Душанбе консерти муштараки ҳунармандони Тоҷикистон ва Қирғизистон таҳти унвони “Дӯстии абадӣ” баргузор мегардад.
Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, чорабинӣ бо иштироки арбобони санъати ҳарду кишвар сурат мегирад. Ҳадаф аз он таҳкими равобити фарҳангӣ ва дӯстонаи байни Тоҷикистону Қирғизистон аст.
Консерт дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» доир мегардад ва дар доираи сафари ҳунарии ҳайати Қирғизистон ба Тоҷикистон амалӣ мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ин ҳамоиши фарҳангӣ дар ҳошияи сафари президенти Қирғизистон Содир Жапаров баргузор мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ