Санами Анбарин – Афғонистон

Менавиштам аз ту

Менавиштам аз ту борон боз боридан гирифт,

Хели шаббў дар сукути боғ рақсидан гирифт.

Менавиштам аз ту рўи дафтари танҳоиям,

Духтари ширинзабони шеър хандидан гирифт.

Менавиштам аз туву бетобии мазмуни дил,

Хуни гарми ишқ дар алфоз лағзидан гирифт.

Менавиштам аз туву дидам, ки хуршеди рахт,

Бар лаби боми ғазал якбора тобидан гирифт.

Менавиштам аз туву исмат намебурдам ба лаб,

Атри номат ногаҳон дар нома пошидан гирифт.

***

Гули сурхи садо

Утоқи кучаки ман қиссаи дидор мехонад,

Ва соат аз нигоҳи ошиқи бедор мехонад.

Вуҷудам имшаб аз ҳангомаи ёди ту лабрез аст,

Дилам имшаб ба ёди ту қаноривор мехонад.

Аташ дар бистари ман оташи сўзанда мепошад,

Намози ишқро набзам ба номи ёр мехонад.

Ташаннуҷҳои гунгӣ дар раги ман доғ мекоранд,

Таманнои ду бозўям туро бисёр мехонад.

Биё бо вожаҳои сабзи шеърат ҳамсадоям шав,

Ки номатро гулуи ташнат гитор мехонад.

Ба дидори ту мерақсам, дили бетобу девона,

Ту меоиву меояд баҳорон боз дар хона.

Ба ранги чашмҳои шеърсозат сабз мегарданд,

Дигарбора ҳамаи гулҳои зарду хушки гулхона.

Дубора зинда мегардад ба бўи хотироти ту,

Ҳамон дилбастаи рўят, ҳамон дерина парвона.

Дубора чашмҳоятро ба ҳарамгуна месоям,

Дубора бўса мечинам зи лабҳоят ҳарисона.

Биё то сар гузорӣ бори дигар рўи ин зону,

Биё то гесу афшонам ба рўи дуто шона.

Ба гўшат аз сари шаб то саҳаргаҳ қисса хоҳад гуфт,

Дубора Шаҳрзоди қиссагўи шаҳри афсона.

Ту меоиву меронӣ тамоми ғуссаву ғамро,

Дубора мераҳам бо ту зи андўҳи ғарибона.

***

Дидор

Ку фурўғе то битобад дар барам,

Ё чароғе то бубинам дилбарам.

Хўшаи рангини маҳтобам куҷост,

Шеъри сурхам, қиссаи нобам куҷост.

Он убури атрҳо дар ёди ман,

Гармии хуршед дар фарёди ман.

Он азизу дилкашу шўрофарин,

Шаҳсавори пурутуфат, дилнишин.

Хотироташ лаззати рўзу шабам,

Он ки номаш шуъла пошад бар лабам.

Боз овозаш ба гўшам мевазад,

Бисмиле дар синаи ман мехазад.

***

Бе ту

Бе ту хушкидааст дил дар синаам,

Монда танҳо, мунзавӣ, оинаам.

Бе ту дил дар синаи ман мурданист,

Бе ту гармӣ аз дилам кўчиданист.

Бе ту мемирад дилам дар инзиво,

Бе ту нуре нест дар наздики мо.

Бе ту айни заъфарон шуд ранги ман,

Ёсумансўз аст ҳар оҳанги ман.

Ташнаам ман, шарбати дидор ку,

Ҷуръае з-он руди оташбор ку.

صنم عنبرین- افغانستان

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *