Саодат Азизова: То пешонӣ ба девор назанад…

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Саодат Азизова аз ҷумлаи чеҳраҳои саршиноси театр ва синамои тоҷик аст, ки бо садоқат ба ҳунар, заҳмат ва маҳорати нотакрор тавонистааст дар қалби ҳазорон тамошобини тоҷик ҷойгоҳи худро пайдо кунад. Дар баробари кори ҳунарӣ, ӯ ба тарбияи насли нави ҳунармандон низ машғул аст.

Мусоҳибаи зер аз рӯзгору касби пурифтихори ӯ қисса мекунад.

– Сараввал мехостем аз замони кӯдакиатон ёдовар шавед. Чӣ шуд, ки ба ҳунар дил бастед ва оё дар оғози роҳ касе ба шумо монеа эҷод кард?

– Падарам прокурор буданд. Мо ҳар чор сол аз як ноҳия ба ноҳияи дигар мекӯчидем. Барои ҳамин мегӯям, ки ман зодаи тамоми минтақаҳои Тоҷикистонам. Дар Панҷакент ба дунё омадам, дар Шаҳритус ба мактаби миёна рафтам, дар Комсомолобод (ҳоло Нуробод) таҳсилро давом додам, баъд охир омадаму дар ноҳияи Данғара мактабро хатм кардам.

Дар чорабиниҳои фарҳангӣ дар ин минтақаҳои кишвар баромад мекардам. Дар саҳна бо меҳру муҳаббати зиёд шеър мехондам. Модарам ҳам бо ҳавас ба ман шеърҳову саҳначаҳоро ёд медод. Падарам бисёр мехостанд, ки ман ҳуқуқшинос шавам, вале худам ба ҳунар маҳр доштам. Вақте мактабро хатм кардам, ба падарам гуфтам, ки “мехоҳам ҳунарманд шавад, ба Москва иҷоза намедодед, акнун ихтисоси актёрӣ дар Тоҷикистон ҳам ҳаст… “. Падарам дигар норозигӣ накарданд.

Он кас иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ буданд. Нақл мекарданд, ки вақте ярадор шуда, дар госпитал бистарӣ мешаванд, як гурӯҳи ҳунармандон барои онҳо консерт медиҳанд. Баъдан ман фаҳмидам, ки ин гурӯҳи “Салом, Гурҷистон!” будааст. Ҳамон вақт яке аз ҳунармандон тоҷик будани падарамро фаҳмида, ба забони тоҷикӣ гап мезанад, суруд ҳам месарояд. Падарам баъдтар мефаҳманд, ки он кас Туҳфа Фозилова будаанд.

Шояд аз ҳамон ҷо меҳри санъат ва эҳтиром нисбат ба ҳунармандон дар қалби падари ман пайдо шуд. Мусиқиро бисёр дӯст медоштанд. Дар кори худашон ҷиддӣ буданд, аммо ба фарзандон дар амалисозии хостаҳояшон кумак мекарданд.

– Ба зодгоҳ зуд-зуд меравед?

– Замоне ки падарам зинда буданд, ба зодгоҳам – шаҳри Панҷакент мерафтем. Соли гузашта дар ёдбуди устод Лоиқ Шералӣ бо сафари ҳунарӣ рафта будем. Дар Шаҳритус ҳамагӣ як сол таҳсил кардам, аммо асосан дар Нуробод калон шудам. Баъд дар Данғара ҳамагӣ чор сол таҳсил кардам.

– Чӣ гуна роҳи ҳунарро оғоз кардед?

– Вақте роҳи ҳунарро интихоб мекунӣ, бояд ба ҳама чизе, ки дар ҳаёт рух медиҳад, омода бошӣ. Лекин мо он вақт ҷавон будем ва ҳатто фикр ҳам намекардем, ки зиндагӣ чӣ асту дар он чӣ воқеаҳо мешавад. Мо ин касбро бо як ишқу эҳсоси баланд интихоб карда будем ва намедонистем, ки чӣ гуна бояд мубориз буд. Ба мо инро касе ҳам нагуфта буд.

Аммо вақте худам омӯзгор шудам, ба шогирдонам, махсусан ба духтарҳо бисёр суханҳоро гуфтам, ки дар оянда ба қавле “пешонаашон рафта ба девор назанад”. Онҳоро бояд омода кард, то аз пастиву баландиҳои роҳи ҳунар дилозурда нашаванд, фирефта нагарданд.

Дар бораи солҳои таҳсил дар донишгоҳ нақл кунед. Муҳити он солҳо чӣ гуна буд?

– Ман дар як гурӯҳи хеле хуб таҳсил кардам. Мо аз устодони боистеъдод сабақ гирифтем. Вақте мо омадем, аллакай факултети санъат дар назди Донишгоҳи омӯзгории ба номи С. Айнӣ (он замон ба номи Шевченко) таъсис ёфта буд.

Мо студияи дуюм будем ва аз мо пештар як студияи дигар таҳсил мекард, ки ҳунармандону коргардонҳои дар оянда хеле машҳурро ба камол расонид, аз ҷумла Исо Абдурашидов, Мирзоватан Миров, Бобоҷон Ҳасанов, Асалбек Назриев. Ба гурӯҳи мо Муҳаммадҷон Қосимов, Ҳоҷиқул Раҳматуллоев, Тамара Абдушукурова, Хушназар Майбалиев, Аскар Абдураҳмонов, Тӯрахон Аҳмадхонов, Аҳмадҷон Қодиров, Марям Исоева, Қимматшо Ҳимматшоев дарс гуфтаанд, ҳатто худи Маҳмудҷон Воҳидов хушбахтона ба мо як моҳ дарси нутқи саҳнавӣ омӯзониданд.

Дар гурӯҳи мо дар аввал 25 нафар буд, вале донишгоҳро 21 нафар хатм кардем. Дар байни курси мо беҳтарин ҳунармандоне буданд, ки дар оянда ҳунарпешаҳои халқӣ, коргардонҳои шинохта шуданд. Фаррух Қосимов, Баҳодур Миралибеков, Шералӣ Абдулқайсов – ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон, Сабоҳат Қосимова, Латофат Барзуева нафароне шуданд, ки дар саҳнаи тоҷик бисёр заҳмат кашиданд. Курси мо бисёр хушбахт буд, чун аз устодони барҷаста хеле таҷриба гирифтем. Мустақилона низ кор мекардем.

– Шумо дар чандин театрҳои бонуфузи кишвар кор кардаед. Кадом марҳилаи касбӣ дар ҳаётатон хотирмон буд?

– Баъди хатм, соли 1973 мо 8 нафар ба Театри ба номи Лоҳутӣ омадем. Ҳоло дар ин ҷо намоишҳо кам ва танҳо рӯзона мегузаранд. Он вақт мо намоиши шабона доштем, ки аз соати 19 то 22 давом мекард. Баъди намоиш мо шабҳо низ истода кор мекардем.

Баъдан аз ин ҷо соли 1977 бо сабабҳои оилавӣ ба Театри мазҳакаи мусиқии ба номи С. Вализодаи шаҳри Кӯлоб рафтам. Боз аз он ҷо баргашта омадем, зеро шавҳарам Салим Муқимовро баъди марги Маҳмудҷон Воҳидов ба Театри Лоҳутӣ даъват карданд. вақте шавҳарамро даъват карданд. Салим ҳам актёри боистеъдод буд ва бисёр зебо шеър мехонд.

Мо як муддат дар хобгоҳ зиндагӣ кардем. Шавҳарам ҳамон ҷо вафот кард. Ман 10 соли дигар бо кӯдаконам дар хобгоҳ мондам. Мо аз ҷумлаи охирин нафароне будем, ки охири солҳои 90 соҳиби хона шудем.

– Ҳоло фарзандонатон ба чӣ корҳо машғуланд? Нафаре аз онҳо роҳи санъатро пеш гирифт?

– Се фарзанд дорам ва ҳар яке ҳоло дар касбу кори худ муваффақанд. Ҳамон солҳо чанд муддат барои тарбияву ба камол расонидани онҳо талоши кори саҳна накардам. Худоро шукр, духтарам Донишгоҳи тиббиро дар замони ректории Юсуф Исҳоқӣ бо дипломи аъло хатм кард, ҳоло дар хориҷ аз кишвар кору зиндагӣ дорад. Як писарам ҳуқуқшинос, дигараш муҳандис шуд. Вале ҳамаашон маълумоти мусиқӣ доранд. Аз ҳама дӯстони наздикам барои ман фарзандонам ҳастанд.

Дар бораи сафарҳои ҳунарии худ нақл кунед. Кадоме аз онҳо барои шумо хотирмон буд?

– Вақте дар Театри “Аҳорун” кор мекардем, бо талошҳои коргардони бисёр шинохтаи мо Фаррух Қосимов борҳо ба сафарҳои ҳунарӣ баромадем, дар озмунҳои театрии кишварҳои ҷаҳон иштирок карда, соҳиби ҷоизаҳо гаштем. Чандин бор ба Эрон сафар карда, “Шоҳҷоиза” гирифтем, бо намоиши “Юсуфи гумгашта” “Сиккаи тиллоӣ”-ро ба даст овардем. Ба Белжик, Фаронса, Ҳолланд, Лаҳистон сафарҳои ҳунарӣ доштем.  Баъдан, дар дигар кишварҳо низ будам.

– Нақшҳои аввалини худро дар хотир доред?

– Нақшҳои аввалини ман аз замони донишҷӯӣ оғоз мешаванд. Мо корҳои дипломӣ доштем, “Дохунда”-и устод Айнӣ, “Моҷаро дар Кёҷа” ва “Камбағалӣ айб нест”-и Островский. Ман дар ин намоишҳо нақшҳои асосиро иҷро мекардам.

Нақши Гулнорро дар “Дохунда”, Лизочкаро дар “Камбағалӣ айб нест” ва Арсетаро дар “Моҷаро дар Кёҷа” иҷро кардам. Ҳунарпеша бояд ҳам нақши манфӣ ва ҳам мусбатро иҷро карда тавонад. Лекин бештар ба ман нақшҳои манфиро медоданд. Иҷрои он душвортар аст, барои он ки ҷустуҷӯ мекунӣ, бояд тарзе иҷро намоӣ, ки ба ҳақиқат наздик бошад, боварибахш бошад.

Ба фикри шумо, ояндаи театри тоҷик дар дасти кист ва ҷавононро чӣ гуна бояд дастгирӣ кард?

– Бисёриҳо мегӯянд, ки шумо – насли калонсол равед, дар театр кӣ мемонад? Вале мо мебинем, ки ҷавонони лаёқатманд зиёданд. Онҳо кор мекунанд, санъату ҳунарро пеш мебаранд. Албатта, ҳоло барои онҳо каме мушкил аст, чун бисёрашон дар хонаҳои иҷора зиндагӣ мекунанд. Театр ҳам то тавонаш ҷавононро дастгирӣ мекунад. Агар дар соҳаи худ ҳалол меҳнат кунӣ ба ҳамааш даст меёбӣ. Ман ба шогирдонам мегӯям, ки ягон мушкил набояд монеъи рушди ҳунари шумо шавад, зеро дар ҳунар чунин аст: ё беҳтарин бош, ё ин ки набош!

Оё ягон нақше ҳаст, ки пас аз он муносибати мардум нисбат ба шумо тағйир ёфта бошад? Инро чӣ гуна ҳис мекардед?

– Нақши янгаи Меҳрубон дар филми “Дар орзуи падар” барои ман як муҳр шуд. Коргардон ба ман ин нақшро пешниҳод карда буд. Баъди иҷрои нақш одамон ба ман чун ба ҳамон образи иҷрокардаам муносибат мекарданд. Дар аввал зиқ мешудам, вале баъдан одат кардам. Рӯзе як ронандаи таксӣ гуфт, ки “шумо дар он филм ин гуна нақшро офаридед, аммо дар ҳаёт тамоман одами дигар”. Шӯхиомез посух додам, ки зӯрии ман фақат дар кино, агар дар ҳаёт ҳам зӯр мебудам, ту аз ман роҳкиро гирифта наметавонистӣ.

Ман фикр мекунам, тамошобин ҳама чизро хеле хуб мефаҳмад, ҳатто медонад, ки кадом ҳунарманд аз таҳи дил нақш бозӣ мекунаду кадомаш сохтакорона.

Барои ҳамин бисёр заҳмат бояд кашид. Бисёр ҳунарпешаҳо мегӯянд, ки театр хонаи дуюми мо. Вале ман мегӯям, театр хонаи якуми мост! Барои он ки субҳ вақте бедор мешавам, якум дар бораи театр фикр мекунам. Боре аз ман пурсиданд, ки ба ҳунарманд унвон лозим аст? Гуфтам, бале! Гуфтанд, барои чӣ? Посух додам, барои ба нафақа баромадан. Ҳунарманд ягон даромади иловагӣ надорад. Унвон ченакест, ки заҳматҳои ҳунармандро баҳо медиҳад. Ҳунармандро бояд дар зинда буданаш қадр кунанд.

– Дар телевизион барномаи “Дар масири ёдҳо” доштед. Аз таърихи он қисса мекардед. Ҳоло тақдири он чӣ шуд?

– Вақте аз театри “Аҳорун” боз ба театри Лоҳутӣ омадам, бо Телевизиони “Тоҷикистон” мувофиқа карда, дар бораи 80 нафар асосогузорони театри Тоҷикистон барнома кардам. Баъдан ҳамаи онро ба шакли китоб дароварда, дар ду қисм ба нашр расонидам. Ин ҷо як осорхонаи хурди театрро ташкил кардам ва барои ҳунармандони гузашта як гӯшаеро таъсис додам. Ҳоло чанд вақт шуд, ки ин барномаро идома надодаам. Мехоҳам як рӯзноманигори аз театр огоҳе пайдо шаваду бо роҳнамоии ман барномаро пеш барад.

– Чӣ орзу доред?

– Халқи тоҷик табиатан эҷодкор аст. Орзу мекунам, ки толорҳои мо пур аз тамошобин шавад. Драматургҳои мо асарҳои хуби саҳнавӣ нависанд. Масалан, мо ҳунарпешаҳо бисёр мехоҳем, ки симои зани тоҷикро пас аз истиқлол офарем. Мо интизори асари драматургии хубе ҳастем, ки қаҳрамониҳои зани тоҷикро хуб тасвир кунад.

Шумо аз зиндагии имрӯзаи худ розӣ ҳастед?

– Ман аз зиндагиям розиям. Бо фарзандону наберагонам ифтихор мекунам. Ба Худованд шукр гуфта, имрӯз зиндагии орому осударо дар ҳалқаи онҳо мегузаронам.

– Ташаккур барои суҳбат.

Мусоҳиб:

Суман УБАЙДУЛЛОЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *