Сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон боз шуд
Имрӯз, 13 март сарҳади байни Тоҷикистону Қирғистон расман боз шуд. Ҳамчунин, парвози ҳавопаймо байни шаҳрҳои Душанбе-Бишкек ва Хуҷанд дубора барқорор гардид.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Қирғизистон Садир Жапаров дар маросими кушодашавии сарҳади ду давлат дар шакли онлайн иштирок карданд.
Ҳамзамон, дар ҳошияи сафари Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон чанд санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст. Аз ҷумла:
🔹 Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи зерсохтори обӣ-энергетикӣ;
🔹 Созишнома оид ба рушди зерсохтори роҳу нақлиёт.
Бояд зикр кард, ки масъалаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон пас аз чанд сол баста будани гузаргоҳҳо ва баҳсҳои марзӣ яке аз мавзӯъҳои доғи сиёсӣ маҳсуб мешуд. Қаблан, Саймумин Ятимов, раиси КДАМ-и Тоҷикистон, таъкид карда буд, ки ин масъала ба манфиати ду миллат ҳал шудааст ва тамоми гузаргоҳҳои марзӣ марҳила ба марҳила боз хоҳанд шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ