“Сарахбори Саразм”-и Олим Бобоев

Бахшида ба таҷлили ҷашни 5500-и Саразми бостонӣ Шӯъбаи санъатшиносии АМИТ китоби сурудҳои Артисти хизматнишондодаи Тоҷикистон, сарояндаи мумтози Шашмақом Олим Бобоевро таҳти унвони “Сарахбори Саразм” аз чоп баровард.

Мураттиби китоб, мудири шуъбаи санъатшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Аслиддин Низомӣ, дар сарсухани китоб менависад: “Маҷмӯаи мазкур танҳо як қисми оҳангу таронаҳоеро аз олами беканори эҷодиёти яке аз сарояндагон ва оҳангсозони маъруфи тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, шодравон Олим Бобоевро дар бар мегирад. Ин ҳунарманди хушовоз ва офарандаи таронаҳои дилнавоз дар муддати фаолияти эҷодии начандон тӯлонии хеш тавонист тавассути созу навои пур аз сӯзу гудози хеш ва сабки нодири сарояндагӣ дар дили мухлисони мусиқии суннатии тоҷик мақоми хосаеро соҳиб гардад”.

Маљмуаи мазкур бо суруди машњури Олим Бобоев — «Сарахбори Саразм» оғоз шуда, матн ва нотмаи 20 суруди дигари ӯро фаро гирифтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *