Сармураббии “Ҳосилот” иваз шуд
Зайниддин Раҳимов сармураббии дастаи “Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор интихоб шуд.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, дар ин вазифа Раҳимов мутаххасиси эронӣ Амин Субҳониро иваз кард. Амин Субҳонӣ пас аз 6 даври мусобиқа бо “Ҳосилот” ягон ғалаба ба даст оварда натавонист ва бо хоҳиши худ тарки вазифа намуд. Субҳонӣ моҳи феврали соли ҷорӣ дастаи “Ҳосилот”-ро ба уҳда гирифта буд. Дар 6 даври бозиҳои имсола дар Лигаи олӣ “Ҳосилот” аз дастаҳои КМВА (2:1), “Барқчӣ” (0:3), “Равшан” (2:1) мағлуб шуда, бо “Истиқлол” (1:1), “Вахш” (1:1) ва “Истаравшан” (1:1) мусовӣ кардааст.
Фаъолияти охири Зайниддин Раҳимов дар дастаи “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода буд. Дастаи “Регар-ТадАЗ” зери роҳбарии Зайниддин Раҳимов барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2024 ва соҳиби роҳхат ба мусобиқаи Лигаи чемпионҳои 2-и Осиё шуда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ