Сарнавишти тоҷик, “Доҳо”, “даҷик” ва “Тогос” кистанд?

Баҳси “тоҷик” бисёр печида аст ва ин ба сарнавишти печидаи таърихии ин миллати қадимӣ, ки аз шаҷараи Ориёни бузург аст, иртибот дорад.  

Мутолиаи мухтасари нигоштаҳои донишманди Афғонистон, устоди собиқи Донишгоҳи Кобул Расул Раҳин «Тоқикон дар гузароҳи таърих» (дар сомонаи www. khawavan.com дар таҳияи И. Назар), ба бисёр норӯшании ин баҳсҳо рӯшанӣ меандозад.

Аз ҷумла аз ин нигоштаҳо маълум мегардад, ки «Тоҷик»-номи қабилае бо номи «ДОҲО» будааст. Портҳо (давлати Портҳо) ва Ашкониён онҳоро «ДАӢ», «Тоҷик» ва «ДАҶИК» низ мегуфтанд.

Ба қавли дигар (ин гуфта низ мавҷуд аст): туркҳо ориёнҳоро тоҷик меномиданд. Зеро ин қабилаҳо-яъне қабилаҳои ориёнӣ-кӯлоҳе ба ТОҶ  монандро ба сар мениҳоданд ва онҳоро ТОҶӢ ва ё тоҷик меномиданд.

Қисми дигар тоҷикро аз қабилаи «Тоҷ» не, ба вожан юнонии монанд ба тоҷик –ТОГОС-ба маънои пешво ва даҷик низ зикр кардаанд. Гурӯҳи дигар онро аз калимаи сакоии «Тажӣ» медонанд. Қабилаҳои сакоӣ низ ориёиянд. Масалан, Исфандиёр қавми Рустамро САК мегӯяд. Яъне, калимаи сакоии тижи маънои тоҷро низ доро мебошад.

Дар асри XIX олимони Ғарб Килопрут, Мортин калимаи тоҷикро қавми форс исбот кардаанд. (Килопрут, асараш: «Дар мавриди мардуми Бухоро»)-яъне халқҳои Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон-умуман Мовароуннаҳр ё Вароруд (Фарорӯд) ва Хуросон, яъне Афғонистон то Нишопуру Марв (Мария), Машҳади имрӯза сарзамини Нишопурии Хуросон аст. Мортин менависад, ки вожаи тоҷик ҳамон қабилаҳои «ДАТӢ», мебошад, ки Портҳо ва Ашкониён худро «датӣ», «тоҷик» ё «Даҷик» меномиданд.

Донишманди дигар-О. Бренштан-вожаи тоҷикро ҳамон «тажи»-и мардуми Тохаристон (қабилаҳои сакоӣ) медонад. Ба ин маънӣ пажӯҳишҳои зиёди дигар низ вуҷуд дорад, ки хулосаи он Ориёнро бо номи тоҷик як донистан аст. Яъне ба ҳар рӯе, ки гирем,

ОРИЁНИ БУЗУРГ сарзамини ТОҶИКОН мебошад.

ТОҚИК ДАР ШЕЪР

Зи Чину мочин як сӯй то лаби Ҷайҳун,

Зи турчу тоҷик, аз туркмону ғӯзу хазар.

Анварӣ

Чу яксон аст он қо турку тоҷик,

Ҳам аз Эрону ҳам Турон, дареғо.

Шайх Аттор.

Зи дарёи Уммон баромад касе,

Сафар кард дарёву ҳамун басе.

Араб дидаву турку тоҷику Рум,

Зи ҳар қинс дар нафси покаш улум.                  

Саъдӣ

Ҳақназар Ғоиб

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *