Сарвазири Беларус ба Тоҷикистон омад

Сарвазири Ҷумҳурии Беларус Александр Турчин барои иштирок дар ҷаласаи Шурои Сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вориди Тоҷикистон шуд.

Бино ба иттилои расмӣ, меҳмони олиқадрро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки 5 июн дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Шурои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи Шурои Сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *