Сарвазири Русия Михаил Мишустин ба Тоҷикистон меояд
Раиси Ҳукумат ва Сарвазири Федератсияи Русия Михаил Мишустин рӯзҳои 4–5 июни соли 2025 бо сафари расмӣ ба Душанбе меояд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Ҳукумати Русия хабар додааст.
Мақсади асосии сафар ширкат дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) мебошад, ки дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мегардад.
Дар ҷаласа қарор аст як қатор санадҳои муҳими ҳамкорӣ миёни кишварҳои узв, аз ҷумла, созишномаи рушди ҳамкорӣ дар соҳаи саноати сабук, лоиҳаи созишнома дар бораи мошинсозии вазнин, Консепсияи ҳамоҳангсозии системаҳои идоракунии ҳаракати ҳавоӣ, низомнома оид ба алоқаи ҳарбӣ дар байни Қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои узв ва тасдиқи нақшаи ташкили системаи ягонаи мониторинг дар соҳаи радиатсионӣ, кимиёвӣ ва биологӣ то соли 2030 мавриди баррасӣ ва тасдиқ қарор гиранд.
Ҳамчунин, дар назар аст, ки нишони сарисинагии махсуси ИДМ бо унвони «Барои рушди сайёҳӣ дар ИДМ» таъсис дода шавад. Ин унвон ба ашхоси саҳмгузор дар рушди соҳаи сайёҳӣ дар фазои ИДМ эҳдо мегардад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ