Азим Иброҳим: «Облава бас!»

Муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим , ки ҳамзамон сардори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид  ба ташкили даъвати баҳорӣ ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мебошад, аз комиссарони ҳарбӣ талаб кард, ки ба зуҳуроти манфури «облава» хотима гузоранд.

Тавре  манбаъ аз Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ҳангоми баргузории ҷаласаи корӣ доир ба масъалаҳои омодагӣ ба даъвати баҳорӣ дар «Кохи афсарон»-и Вазорати мудофиаи кишвар Азиз Иброҳим роҳбарони Прокуратураи ҳарбиро вазифадор кард, ки маъракаи даъватро қатъиян дар доираи қонунгузорӣ баргузор намоянд. Дар ҷаласа таъкид шуд, ки зимни маъракаи даъвати соли гузашта барои роҳ додан ба конуншиканиҳо аз  73 комиссари ҳарбии шаҳру ноҳияҳо 51 нафараш вазифаашон сабукдуш кард шуда буданд.

Инчунин, сарвазир талаб кард, ки ба тансиҳатии даъватшавандаҳо таваҷчуҳи хоса дода, ба артиш ҷавонони беморро даъват накунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

4 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *