Карим Бюрсин

Се ҷуфти ситораҳои турк, ки дар соли 2022 ҷудо шуданд

Шумо ошиқи сериалҳои туркӣ ҳастед ва ба ишқу муҳаббати поки  қаҳрамонҳои ин филмҳо ҳасад мебаред? Гумон мекунед, ки онҳо ошиқони ҳақиқӣ ҳастанд ва ҳаргиз ба ишқашон хиёнат намекунанд? Хато мекунед! Ситораҳои синамо низ мисли мову шумо инсонҳои заминӣ буда, баъзан ба ишқи худ хиёнат мекунанд, рашк мебаранд, дили дӯстдоштаашоро мешикананд, оби дида мерезанд, бо ҳамдигар ҷангу ҷанҷол карда, қаҳрӣ ва ҳатто аз ҳам ҷудо мешаванд. Биёед бубинем, ки дар соли 2022 кадом ситораҳои синамои турк аз  дӯстдоштаашон ҷудо шуданд!

Ханда Эрчел дари дилашро ба рӯйи Карим Бюрсин басту…

Ханда Эрчел ва Карим Бюрсин ҷуфти аз ҳама машҳур ва зебои синамои турк ба ҳисоб рафта, на танҳо мухлисони ин ду ситора, балки ҳампешагонашон ба ишқи поки онҳо ҳасад мебурданд. Дар филми “Дари дили маро бикӯб” Ханда ва Карим он қадар ошиқи шайдои ҳамдигар ҳастанд, ки ишқи Лайлию Маҷнун ва Фарҳоду Ширин дар назди муҳаббати ин ду ҷавон ҳеҷ метобад, аммо…

Дар муносибатҳои ошқонаи Ханда ва Карим ҳанӯз охири соли 2021 як навъ сардӣ пайдо шуда, зуд-зуд бо ҳам моҷаро мекардагӣ шуданд. Оқибати ин ҷанҷолҳои ошиқона ҳамин шуд, ки моҳи январи соли 2022 Карим ва Ханда аз ҳам ҷудо шуданд. Карим дар ҳақиқат Хандаро бо тамоми вуҷудаш дӯст медошт ва умед дошт, ки онҳо дубора оштӣ мешаванд. Ба ҳамин хотир, вай ҷудо шуданашонро муддати ним сол пинҳон медошт, вале зориҳои ҷавони ошиқ ба дили ин зебосанам асар накарда, аввалҳои тобистон худи Ханда эълон кард, ки ӯ ва Каримро дигар чизе бо ҳам намепайвандад, ба ҷуз кино.

Рашки тақдирсӯз Айчаро аз Алп ҷудо кард

Тақдири Алп ва Айча сарнавишти Ханда ва Каримро ба ёд меорад. Ин ду ҷавони ҳунарманд ҳангоми банаворгирии сериали машҳури “Афсонаҳои ҷазира” ба ҳамдигар дил баста, на танҳо дар экран, балки дар ҳаёти воқеӣ низ ошиқи зори ҳамдигар гаштанд. Азбаски ҳар ду қаҳрамон дар асл ошиқ буданд, ин филм бисёр табиӣ ва дилчаспу таъсирбахш баромада, на танҳо дар Туркия, балки дар дигар кишварҳо низ мухлисони зиёде пайдо кард, вале шуҳрат ба ошиқон хушбахтӣ наовард. Дере нагузашта Алп ва Айча аз ҳам ҷудо шуданд. Сабаби ҷудоии онҳо рашки тақдирсӯз буд. Айчаи нозанин ба духтарони дигар бо чашми харидорӣ нагаристани Алпро дида, аз рашку алам ба қавле “девона” мешуд, ҷавон бошад, ба хотири ба асаби маҳбубааш расидан қасдан ба ҳар як бонуи зебо гап партофта, хушгӯӣ мекард. Вай гумон дошт, ки бо ин кораш Айчаро бештар ошиқи шайдои худ мегардонад, вале тираш хок хӯрд. Оқибат духтар аз ин булҳавасиҳои ошиқаш безор шуда, худаш риштаи ишқу муҳаббатро бурид ва эълон дошт, ки вай аз Алп ҷудо мешавад. Алп чанд маротиба бахшиш пурсида бошад ҳам, Айча ӯро набахшид ва ҳамин тавр, ин ду дилдода аз ҳам ҷудо шуданд.

Сарнавишти талхи Ҷемре Байсал ва Айтач Шашмаз

Моҳи октябр боз як ҷуфти дигари зебои синамои турк Ҷемре Байсал ва Айтач Шашмаз аз ҳам ҷудо шуданд. Онҳо дар рафти наворгирии сериали “Бозии қисмат” ба ҳамдигар дил баста, аҳду паймон карда буданд, ки то охири умр бо ҳам мемонанд. Ҷемре ва Айтач қариб ним сол муносибатҳои ошиқона доштанд. Духтар ба хонаи ҷавони дӯстдоштааш рафта, бо падару модари ӯ шинос шуда буд ва дар тамоми маъракаҳояшон иштирок мекард, аммо сарнавишти талх дилдодагонро ҷудо кард.

Сабаби ҷудо шудани ду ситора маълум нест, вале моҳи октябр худи дилдодагон дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд, ки ҷуфти Ҷемре Байсал ва Айтач Шашмаз дигар вуҷуд надорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *