Се ҷавондухтари дар Хуросон гумшуда пайдо шуданд

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки се ҷавондухтари гумшударо ёфтааст. Онҳо, ки дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон гум шуданд, дар ҳудуди шаҳри Душанбе пайдо карда шудаанд.

Хабари гум шудани ин се ҷавондухтар охири ҳафтаи гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуда буд. Наздикони онҳо бо гузоштани аксу навор аз мардум хоҳиш карда буданд, то барои пайдо намудани онҳо кумак кунанд.

Ба иттилои мақомоти мавриди назар Зуҳрои 16- сола ва Сумани 17- сола, хонандагони синфҳои 10 ва 11, рӯзи 4-уми сентябр ба муассисаи таълимӣ ба дарс рафтанд ва ба хона барнагаштанд. Онҳо бо нафари сеюм бо номи Нозия Ёрзодаи 18-сола, сокини ноҳияи Хуросон бедарак ғайб зада буданд.
Духтарони гумшударо дар шаҳри Душанбе пайдо кардаанд, вале маълум нест, ки онҳо чӣ гуна аз ноҳияи Хуросон ба шаҳри Душанбе рафтаанд ва чаро давоми чанд рӯз бо волидони хеш тамос нагирифтаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *