Сел дар Ромиту Сангвор роҳу хонаҳоро вайрон кард

Шоми 23-юми май дар деҳаи Варваи деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат бар асари боронҳои сахт сел фаромад, ки бар асари он се хона ва 10 қитъаи наздиҳавлигии сокинони махаллӣ қисман хароб шуданд. Дар ин бора КҲФ иттилоъ медиҳад.

Хабар дода шудааст, ки аз захираи КҲФ ба шаҳрвандони осебдида кумакҳои маишӣ ва гигиенӣ фиристода шуд. Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Ваҳдат дар ҷойи ҳодиса кор мебарад.

Ҳамчунин худи ҳамин рӯз, шомгоҳӣ сел километрҳои 5-8 ва 9-уми шоҳроҳи Нуробод-Сангворро баст. Барои анҷоми корҳо барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ кормандон ва техникаи махсуси хадамоти роҳи Вазорати нақлиёти кишвар ҷалб шудаанд. Талафоти ҷонӣ нест.

Ёдовар мешавем, ки то 26-уми май эҳтимоли фаромадани тарма, сел, ярч, обхезӣ боқӣ мемонад. Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ аз аҳолӣ даъват менамояд, ки ҳушёриро аз даст надиҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *