Мулоқоти пурмуҳтаво бо ҳайати Гурӯҳи Бонки исломии рушд

Дар бинои Дастгоҳи марказии БССТ “Саноатсодиротбонк” вохӯрии дуҷонибаи муовини раиси Раёсати Бонк Шуҳрат Муҳиддинзода бо ҳайати Гурӯҳи Бонки исломии рушд (БИР) таҳти роҳбарии Директори минтақавии ИДМ ва Аврупо Самир Тагиев баргузор гардид.

Бино ба иттилои бонки мазкур, ҷонибҳо мулоқоти пурмуҳтаво доир намуда, дар он масъалаҳои табодули таҷриба ва ташкили семинарҳо дар мавзуҳои гуногун, ҷалби қарзҳои имтиёзноки дарозмуҳлат ва дигар мавзуҳо баррасӣ карда шудаанд.

— Ҳайати Гурӯҳи БИР пешниҳодҳои Саноатсодиротбонкро ба хушӣ пазируфта, омодагиро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳор намуд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *