Тоҷикистон соҳиби корхонаи мошинҳои ҳарбӣ шуд

Рӯзи 24-уми май дар ҳошияи сафари Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба шаҳри Турсунзода корхонаи «Сипар гурӯҳ» ба истифода дода шуд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Сарвари давлат, самти фаъолияти асосии «Сипар гурӯҳ» ба ҷамъу васлсозии мошинҳои махсуси ҳарбӣ ва гражданӣ равона гардидааст.

«Дар корхонаи навбунёд, ки дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд таъсис ёфтааст, дар марҳилаи аввал бо ворид намудани қисмҳои алоҳида аз хориҷи мамлакат ҷамъу васли 17 намуд нақлиёти махсус ба роҳ монда шудааст ва оянда ин нишондод афзоиш дода мешавад»,- иттилоъ медиҳад манбаъ.

Қисмҳои алоҳида барои омода намудани нақлиёти махсуси ҳарбӣ ва гражданӣ асосан аз ширкати «Streit Group»-и Амороти Муттаҳидаи Араб дастрас мегардад. Иқтидори солонаи корхонаи нави саноатӣ ҷамъу васли 120 нақлиёт арзёбӣ мешавад ва дар оянда бо назардошти талабот ин рақам афзоиш хоҳад ёфт. Мошинҳои омодашаванда дар ин корхона барои таъмини ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудаанд. Ҳамчунин, оянда содироти ин мошинҳо ба кишварҳои хориҷ дар назар дошта шудааст.

Мутобиқати нақлиёти корхонаи мазкур аз рӯи баҳодиҳии мутахассисони соҳа ҷавобгӯ ба талаботу меъёрҳои ҷаҳонии мошинсозӣ мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *