Коллеҷи хусусии омӯзгории “Асосгузор” дар Турсунзода ифтитоҳ ёфт

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ дар шаҳри Турсунзода Коллеҷи хусусии омӯзгории “Асосгузор”-ро мавриди истифода қарор дод.

Иттилоъ дода мешавад, ки раванди дарс дар муассисаи нави таълимии 2-ошёна, ки барои 400 нафар донишҷӯ пешбинӣ гардидааст, бо забонҳои русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шуда, он дорои 8 синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ бо таҷҳизоти замонавӣ, синфхонаи компютерӣ, китобхона, ҳуҷраҳои корӣ, чопи маводҳои дарсӣ, толори маҷлис борои 100 ҷойи нишаст, ошхона барои 60 нафар ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад.

Таъкид гардид, ки бо ифтитоҳи ин коллеҷ 20 нафар соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб мешаванд.

“Масоҳати умумии коллеҷ 12 садяк заминро дар бар мегирад. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти нави соҳаи маориф бо саҳми соҳибкори ватанӣ Тимур Гусейнов соли 2019 оғоз гардида, бо ҷалби 20 нафар бинокори маҳаллӣ бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расидааст»,- гуфта шудааст дар хабар.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *