Сел марзбонони Ӯзбекистонро ба Кофарниҳон бурд

Сокинони минтақаи Кони Намак дар марзи Тоҷикистон бо Ӯзбекистон хабар доданд, ки 5 рӯз боз дар он тарафи марз ҷустуҷӯи ҷасадҳои се марзбони ӯзбек идома дорад. Ин се марзбон рӯзи 20 май аз сел дар даруни як лӯла паноҳ бурдаанд, вале сел ҳарсеро ба дарёи Кофарниҳон мебарад.

Сокинони минтақаи Кони Намак дар марз бо минтақаи Боботоғи ноҳияи Деҳнави вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон гуфтаанд, ки рӯзи 20 май дар инҷо се марзбони ӯзбек қурбони сел шуданд ва то ҳол ҷустуҷӯи ҷасадҳо идома дорад. Ба гуфтаи сокинон, ҷасади як сарбозро то имрӯз пайдо кардаанд, вале дуи дигарро ҳанӯз наёфтаанд.

Ин се сарбоз рӯзи 20 май дар марз бо Тоҷикистон навбатдорӣ мекарданд, ки борони сел мезанад. Сарбозони ҷавон аз борон дар даруни як лӯла паноҳ мебаранд. Аз қазо сарбозонро дар даруни лӯла хоб мебарад ва ҳамин вақт сел меояд ва ҳарсеро шуста, ба дарёи Кофарниҳон бурдааст.

Тоҷикистону Ӯзбекистон дар рӯзҳои ахир шоҳиди селу боришоти харобиоваре шуданд. Бино ба гузоришҳои расида, дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон бар асари ин селу боришот дастикам 11 нафар ҷон бохта, садҳо хона вайрон шуд ва ҳазорҳо гектар замин зарар диданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *