Сел масири Душанбе-Хоруғ ва чанд роҳи дигарро масдуд кард
Дар пайи боришоти шадиди шабонарӯзи гузашта дар бархе аз минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон сел ба амал омада, боиси масдуд шудани роҳҳои муҳим гардидааст. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Тибқи иттилои Кумита, субҳи имрӯз, 18 апрел, бар асари боришоти зиёд дар чанд қитъаи шоҳроҳи Душанбе — Лаби Ҷар, ки аз ҳудуди ноҳияи Сангвор мегузарад, сел фаромада, роҳро муваққатан бастааст.
Инчунин, дар ноҳияи Лахш низ сел омада, роҳ байни деҳаҳои ҷамоати Лахш ва Лахши Боло масдуд шудааст.
Ба ҳамин монанд, қитъаи шоҳроҳи Душанбе — Дарвоз — Хоруғ, ки тавассути ҷамоати Нулванди ноҳияи Дарвоз мегузарад, низ бар асари омадани сел баста шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ