Семинари омӯзишӣ дар «Амонатбонк»

14 январи соли ҷорӣ дар КВД БА ҶТ «Амонатбонк» семинари омӯзишӣ дар мавзуи густариши худшиносию худогоҳии миллӣ ва ватандӯстӣ баргузор шуд.

Дар семинар муовини якуми раиси раёсати Бонк Худоёрзода Х.Б., устоди факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Давлатшо Маҳмудов ва кормандони Бонк иштирок намуданд.

Зимни баргузории чорабинӣ таъкид гардид, ки худшиносию худогоҳии миллӣ ҳамчун пояи ҳастии миллат дар таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ ва пешрафти иҷтимоию сиёсӣ нақши калидӣ дорад. Ҳамзамон зикр шуд, ки арзишҳои миллӣ дар тӯли таърих омили асосии ҳифзи фарҳанг, таърих ва маънавиёти халқ ба ҳисоб мераванд.

Дар анҷом иштирокчиён даъват гардиданд, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ, дастовардҳои давлатдорӣ ва таҳкими суботу амнияти кишвар саҳмгузор бошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *