Шаҳри бостонии Самарқанд мизбони конгресси байналмилалист

Тӯли ду рӯз аст, ки дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Конгресси VI-и байналмилалии “Мероси фарҳангии Ӯзбекистон — пояи эҳёи нав” баргузор мегардад, ки дар он 250 шарқшиносони машҳури дунё, намояндагони 33 осорхонаҳои гуногуни олам, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, рӯзноманигорони кишварҳои минтақа ва дигар коршиносону таърихнигорон иштирок доранд.

Конгресси мазкур дар қолабҳои гуногун баргузор гардида, дар он маърӯзаҳои муаррифии осорхонаҳои кишварҳои олам ва баъзе баҳсҳои таърихӣ шунида хоҳад шуд.

Конгресс соли 2016 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барои омӯзиш, нигоҳдорӣ  ва таблиғи мероси фарҳангии Ӯзбекистон таъсис дода шудааст.

Дар Конгресси VI-и байналмилалии “Мероси фарҳангии Ӯзбекистон — пояи эҳёи нав” ҳамчунин як қатор олимон аз Тоҷикистон низ иштирок ва суханронӣ намуданд. Аз ҷумла профессорон Бадриддин Мақсудов, Суфизода Шодимуҳаммад, Муҳриддин Низомӣ ва директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Файзализода Ҷумахон Хол, директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Иброҳимзода Зарафшон доир ба аҳамияти дастхатҳо ва ёдгориҳои таърихии асримиёнагӣ ва мероси осорхонаву китобхонаҳои Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Воқеаи асосии Конгресс муаррифии 10 ҷилди нави китоб-албомҳои силсилаи «Мероси фарҳангии Ӯзбекистон дар маҷмӯаҳои ҷаҳон» хоҳад буд. Хамин тавр, маҷмуаи китобҳои мусавваре, ки дар болои онҳо зиёда аз 350 нафар олимони зиёда аз 25 мамлакат, 100 китобхона ва музейҳои машҳури ҷаҳон кор кардаанд, ба 60 ҷилд расид.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.