Шаҳло Давлатова ҳам гиристу ҳам хандид

Шаҳло Давлатова, сарояндаи машҳури тоҷик меҳмони барномаи “Ногуфтаҳо” шуд ва ошкоро доир ба тамоми паҳлуҳои зиндагиаш гуфт.

Ӯ нахуст дар бораи ҷудоӣ аз Баҳодур Ҷураев гуфт, ки то ин замон аксари сурудҳояшон бо ҳам нашр мешуданд ва ҳатто ютубканалашон ба номи ҳардуяшон буд:

— Роҳҳоямон бо Баҳодур Ҷураев ҷудо шуданд. Мо ҷанг накардем, нофаҳмӣ ҳам нест миёнамон, балки бо хости ҳамдигар минбаъд корҳоямон ба танҳоӣ мегузаранд. Ман аз ӯ хафа нестам ва ҳоло ҳам агар маъракаҳои хурсандӣ даъватамон кунанд, ҳамроҳ меравем, аммо тавре гуфтам, дигар якҷоя кор намекунем.

Пасон доир ба нақши падар ва гузаштани ӯ бо ашки шашқатор гуфт:

— Бархеҳо ҳоло мебинанд ва фикр мекунанд, ман беғамам. Гӯё доимо хандида мегардам, вале ин тавр нест. Азобҳои зиёд кашидам дар зиндагӣ. Вақте ки падарам, падари дӯстдорам гузашт, оилаам ҳам вайрон шуд. Ман, як духтари 18-сола ҳам марги падар ва ҳам пошхӯрии оиларо ниҳоят сахт таҳаммул кардам, азоб доштам, шабу рӯз гиря мекардам. Аммо шукр, ҳамааш гузашт ва ба имрӯз расидам.

Ҳамчунин, Шаҳло Давлатова дар бораи писараш Яҳёҷон Давлатов сухан карда, иброз дошт, ки ҳоло ҷигарбандаш дармони тамоми дардҳояш ва ҳамрозу ҳамсадояш аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *