Пиров: Муҷассамаи Бобоҷон Ғафуров бозсозӣ мешавад

Муҷассамаи Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров дар шаҳри Бохтар бозсозӣ мешавад. Ин муҷассама ҳанӯз 20 сол пеш сохта шуда буд. Аммо аз сабаби фарсудагӣ ва кӯтоҳии қад чандон ба Қаҳрамон Тоҷикистон шабоҳат надорад.        

Сайфиддин Пиров, сардори идораи сохтмони асосии шаҳри Бохтар гуфт, навсозии муҷассамаи Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров дар нақша аст. Аллакай муҷассама ба рӯйхати иншооти сохташавандаи соли 2021 ворид карда шуда, дар буҷети маҳҳалӣ низ барои ин кор маблағи муайян пешбинӣ шудааст,-афзуд вай.

“Бо муҷассамасозон маслиҳат шудааст. Дархости шаҳрдорӣ аз онҳо сохтмони муҷассамаи  ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ аст. Ҳоло лоиҳа дар чанд шакл пешниҳод шудааст”.

Машраби Аловиддин

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *