Шаҳри Турсунзода: Яксола кори Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда ҷамъбаст шуд

Дар шаҳри Турсунзода натиҷаи кори Комиссияи шаҳрии ҳолатҳои фавқулодда дар соли 2021 ҷамъбаст гардид, ки дар он намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, чунончи, бо иштироки раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқуллода – раиси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода Акрамзода П. А. ҷаласаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда баргузор гардид, ки дар он натиҷаи кори муштараки тамоми хадамот оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дар соли гузашта ҷамъбаст гардида, ҳадафҳо барои соли 2022 муайян карда шуданд.

Ғайр аз ин, ҷамъбасти натиҷаҳои иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омодагии саривақтии бахшҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ ба чорабиниҳои мунтазам ва самаранок дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022», гузориши раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда оид ба корҳои анҷомдодашуда дар соли 2021, рафти иҷрои “Стратегияи миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2030” шунида шуд.

– Инчунин, дар ҷаласаҳо оид ба корҳои анҷомдодашуда дар самти пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус, пурзӯр намудани корҳои тарғиботӣ, омодасозии хизматрасонӣ ба зимистон ва мавҷудияти воситаҳои техникӣ масъалаҳо баррасӣ шуданд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *