Шаҳрдорӣ: Дар Рамазон низ тарабхонаҳо бояд рӯзона кор кунанд!

Тибқи дастури Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе тарабхонаю ошхонаҳои пойтахти Тоҷикистон дар моҳи шарифи Рамазон чун рӯзҳои қаблӣ рӯзона бояд фаъолият кунанд.

Тибқи дастури Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе тарабхонаю ошхонаҳои пойтахти Тоҷикистон дар моҳи шарифи Рамазон чун рӯзҳои қаблӣ бояд рӯзона фаъолият кунанд.

Таъкид шудааст, ки нисбати тарабхонаҳое, ки аз иҷро ин дастур сарпечӣ мекунанд, чораҳо андешида мешавад.

Бино ба маълумоти Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, тарабхонаю нуқтаҳои дигари хӯроки умумӣ вазифадор шудаанд, аз соати 11-и рӯз ба кор пардохта ва тамомои рӯз ба мизоҷон хизмат расонанд.

Ин манбаъ ҳадаф аз ин иқдомро ҳузури меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ дар пойтахти Тоҷикистон унвон кардааст, ки бояд ба онҳо дар сатҳи баланд хизмат расонда шавад.

Ҳоло дар Тоҷикистон моҳи Рамазон аст ва тибқи рукнҳои дини Ислом мусалмонон муваззафанд аз субҳи содиқ то намози шом аз хӯрдани ғизо ва нӯшокиҳо худдорӣ кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *