«Шабе дар Осорхона» – бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо

18 май бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо, аз соати 18:00 то 23:00 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон иқдоми «Шабе дар Осорхона» баргузор мегардад.

Дар ин чорабинӣ сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе имкони иштирок ва ба тамошо кардани осори таърихӣ ва фарҳангиро доранд.

Мақсади асосии барнома баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, ҷалби ҷавонон ба таърихи миллат ва шиносоии осорхонаҳо мебошад.

«Шабе дар Осорхона» бори аввал соли 1997 дар Берлин баргузор шуда, то имрӯз дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Ин иқдом имконият медиҳад, ки осорхонаҳо пас аз ғуруби Офтоб то нисфи шаб дарҳояшонро ба рӯйи тамошобинон боз кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *