Шакар ҳам қиммат мешавад. Тоҷикистон кай лаблабуи қанд мекорад? (аудио)

Қазоқистон аз 23-юми майи соли 2022 содироти шакару қандро ба хориҷи кишвар манъ мекунад. Чанде пеш сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф низ содироти шакарро аз ин кишвар мамнуъ карда буд.

Қазоқисотон ва Покистон ин тасмимро барои таъмини ниёзҳои дохилӣ ва ба эътидол овардани қимати шакар дар шароити афзоиши таваррум дар кишварҳои хеш арзёбӣ карданд.

Тавре маълум аст, дар Тоҷикистон шакар ё қанд истеҳсол намешавад. Тибқи маълумоти Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ, дар семоҳаи аввали соли равон ба Тоҷикистон 19,5 ҳазор тонна шакар ва маснуоти қаннодӣ ворид шудааст. Дар чунин ҳолат Пажуҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи илмҳои Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки барои бо шакари итеҳсоли ватанӣ таъмин намудани аҳолӣ кишти васеи лаблабуи қандро ба роҳ мондан зарур аст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.