Шаппотӣ. Чаро Макронро ҳамсараш зад?
Воқеаи аз ҳамсараш шаппотӣ хӯрдани президенти Фаронса Эммануэл Макрон аз ҷониби ҳасараш расонаҳои ҷаҳонро ба ларза овард. Воқеа чӣ тавр рух дод?
Саҳнаи бо дасташ ба рӯи шавҳараш задани Бриҷит дар фурудгоҳи шаҳри Ҳанои Ветнам аз ҷониби дурбинҳои наворбардорӣ сабт шудааст. Воқеа рӯзи якшанбе, 25-уми май иттифоқ афтодааст. Дар ин навор дида мешавад, Макронро пеш аз он ки аз ҳавопаймои президентӣ фуруд ояд, ҳамсараш як шаппотӣ мезанад. Ӯ маҷбур мешавад як қадам қафо монад ва билофосила ба сӯйи дурбинҳои хабарнигорон дасташро бардошта, салом мекунад.

Ҳамсари Макрон дар авввал як лаҳза аз дурбинҳо худро қафо кашида, баъдан ҳамроҳ бо ҳамсараш аз ҳавопаймо поин меояд.
Дафтари раёсатҷумҳури Фаронса рӯзи душанбе талош кард ҳодисаи аз дасти ҳамсараш Бриҷит дар рӯяш як торсакӣ хӯрдани Эммануэл Макронро камаҳамият нишон диҳад.
Дар посух ба саволҳои матбуот Қасри Елисей гуфтааст: “Ин лаҳзае буд, ки президент ва ҳамсараш пеш аз шурӯи сафар як лаҳза фароғате доштанду бо ҳам шӯхӣ мекарданд”. Вале табиист, ки расонаҳои ҷаҳон ба ин бовар накарданд.
Макрони 47-сола бо Бриҷити 72-сола соли 2007 издивоҷ кардаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ