Шарики нави иқтисодӣ. Соҳибкорони Арабистони Саудӣ дар Душанбе

20-уми майи соли равон дар шаҳри Душанбе Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ баргузор шуд. Дар он намояндагони воломақоми давлатӣ ва доираҳои соҳибкорию сармоягузории ҳар ду кишвар ширкат варзиданд.

Қадами устувор дар ҷалби сармоя

Тайи солҳои охир иқтисоди Тоҷикистон дар ҳоли ислоҳоти сохторӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ аст. Зеро Тоҷикистон кишварест, ки барои сармоягузорон ҷолиб ва манфиатовар аст. Таваҷҷуҳ ба захираҳои молиявӣ ва рушди инфрасохтор, энергетика, коркарди ашёи хом, технологияи муосир дорад. Дар ин замина, баргузории форумҳои байналмилалӣ имкон фароҳам меоранд, ки захираҳои мавҷуда муаррифӣ гарданд, робитаҳои мустақим бо сармоягузорони нав барқарор шаванд. Аз ин ҷиҳат Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ як платформаи муҳими муаррифӣ ва музокирот буд. Иштироки фаъолонаи намояндагони палатаҳои тиҷоратии Арабистони Саудӣ ва доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ҷонибҳо ба ҳамкории судманду дарозмуддат  нигаронида шудаанд.

Султон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон баргузории форуми мазкурро қадами устувор дар самти ҷалби сармояи Саудӣ ба иқтисоди Тоҷикистон маънидод кард. Зеро Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ дорои захираҳои бойи обию энергетикӣ, маъданҳои зеризаминӣ ва сайёҳӣ мебошад. Ҳамзамон, дар ин форум доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ ба истифодаи босамари имконоти сармоягузории ҷумҳурӣ ва дарёфти роҳҳои нави ҳамкорӣ дар самти ташкили корхонаҳои муштарак даъват карда шуданд.

Президенти Федератсияи палатаҳои тиҷоратии Арабистони Саудӣ Ҳасан Ал-Ҳувайзӣ иброз дошт, ки робитаҳои самараноки доираҳои соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ бо назардошти зарфияту имконоти мавҷуда метавонанд барои пешбурди тарҳҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ байни ду давлат заминаи устувор гузоранд.

Далел барои ҳамкорӣ

Дар натиҷаи ин форум имзои чанд санади ҳамкорӣ дар шакли В2В байни ширкатҳои ду кишвар сурат гирифт. Таъсиси фондҳои муштараки сармоягузорӣ, иштироки бонкҳои Саудӣ дар лоиҳаҳои Тоҷикистон низ баррасӣ шуданд. Ин ҳама имкон медиҳанд, ки дар солҳои наздик ба татбиқи лоиҳаҳои мушаххас ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ замина гузошта шавад.

Ба андешаи таҳлилгарони масоили иқтисодӣ, Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ оғози марҳилаи нави ҳамкорӣ миёни ду кишвар аст. Зеро Тоҷикистон дорои захираҳои табиӣ, аз қабили оби ширин, потенсиали бузурги гидроэнергетикӣ, канданиҳои фоиданоки гуногун ва имкониятҳои сайёҳӣ мебошад.

Арабистони Саудӣ бошад, яке аз кишварҳои сарватманд ва таъсиргузор дар минтақаи Ховари Миёна аст. Ҳамчунин, ин кишвар дар ҷустуҷӯи сармоягузорӣ ба кишварҳои иқтисодашон рӯ ба рушд қарор дорад. Бинобар ин, сармоягузории Саудӣ барои Тоҷикистон метавонад дар бахшҳои энергияи “сабз”, туризм, кишоварзӣ, саноати коркард аҳамияти хос дошта бошад. Махсусан, рушди инфрасохтори меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо ва минтақаҳои истироҳатӣ хеле муҳиманд.

Бо идомаи чунин ташаббусҳо, яъне баргузории форумҳо Тоҷикистон метавонад ба яке аз марказҳои ҷалби сармоягузории ҷаҳонӣ дар минтақа табдил ёбад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *