Шартҳои Русия барои парвози тайёраҳо

  Маркази матбуоти Вазорати нақлиёти Русия аз оғози музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Русия дар заминаи танзими парвозҳо миёни ин ду кишвар хабар дод. 

Темур Ҳикматов, сухангӯи Вазорати нақлиёти Русия, рӯзи 7 ноябр  гуфтааст, ки натиҷаи ин музокирот дар нимаи дувуми рӯз эълон хоҳад шуд. Ҳамзамон Ҳикматов таъкид кард, «мавқеи Русия дар ин музокирот тағйир наёфтааст ва бояд Тоҷикистон ба парвози ҳавопаймои ширкатҳои Русия аз ҳамаи фурудгоҳҳо, бо шумули фурудгоҳи нави Жуковский иҷозат диҳад.»

Дар посух ба суоли онки «дар сурати мувофиқат накардани ҳайати Тоҷикистон ба ин тақозо, сарнавишти парвозҳо миёни ин ду кишвар чӣ хоҳад шуд?», сухангӯи Вазорати нақлиёти Русия гуфт: «Ин мавзӯъ дар музокироти ҳайатҳои Русия ва Тоҷикистон баррасӣ шуда ва умед аст, ки ҳалли мусбати худро меёбад.»Дар ҳамин ҳол, хабаргузории русии ТАСС аз қавли мақомоти рус навиштааст, ки Тоҷикистон парвозҳоеро, ки ба шаҳр ва вилояти Маскав марбут мебошанд, бояд қабул кунад, зеро он шомили созишномаҳои дуҷониба мешавад. Аз ин қабл Сарвар Бахтӣ, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав, гуфта буд, ҷониби Душанбе мехоҳад дар масъалаи танзими парвозҳо бо ҷониби Русия созишномаи нав имзо кунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *