Шавҳари қотил

Вазоратикорҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти марди 62-сола хабар дод, ки ҳамсарашро кушта, ба ҳамсояю наздикон гуфтааст, марҳум дар паи бемории фишори хун даргузашт.

Тибқи иттилои ВКД зимни чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян шуд, ки муттаҳам, сокини шаҳри Истаравшан 9-уми марти соли равон, тахминан соати 10:00-дақиқа дар хонаи истиқоматиаш бо ҳамсари 59-солааш ҷанҷол карда, дар пайи латукӯб бо роҳи буғӣ кардан ӯро ба ҳалокат расонидааст: “Сипас, бо мақсади рӯйпуш намудани ҷинояти содирнамудааш ба хешовандон ва ҳамсояҳояш гуфтааст, ки гӯё ҳамсараш бинобар бемории фишори хун ногаҳон афтида, ба ҳалокат расидааст. Ҷасади ҳамсарро 10-марти соли 2017 дафн кардааст”.

Аммо ташхиси судӣ дар ҷасади зан аломатҳои марги маҷбурӣ, дар намуди шикастани қабурғаҳо, изи бастани роҳҳои нафас, хароша ва хунхобравии зиёд муайян кардааст. ВКД мегӯяд, аз рӯи далели мазкур аз ҷониби Прокуратураи шаҳри Истаравшан парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Чумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *