Шаҳритус: марги ду ҷавон дар садамаи нақлиётӣ
Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 8-уми декабр , ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра” ва мусофири дар мошин буда ба ҳалокат расидаанд.
Мақомот аз онҳо Сатторов Парвиз Мусоевич, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Шаҳритус ва Бегматова Ойзура Исмоиловна, соли таваллудаш 1994 сокини ҳамин ноҳия номбурдаанд.
Ба гуфтаи манбаъ ,“ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Пахтаободи ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада ба чуқурии тахминан 20-25-метр сарозер шудааст”.
Дар натиҷа, худи ронанда Сатторов П. ва мусофираш Бегматова Ойзура, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ