Шералӣ Кабир: Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 20% афзуд
Дар Тоҷикистон соли 2024 ҳаҷми маҳсулоти саноатии истеҳсолшуда ба 53,8 млрд сомонӣ расид, ки нисбат ба соли 2023-ум 20 фоиз зиёд мебошад.
Дар ин бора Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияи нави Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Таъкид гардид, ки давоми як соли гузашта дар кишвар 740 корхона бунёд гардида, дар маҷмуъ, 18193 нафар бо ҷойи кор дар ин корхонаҳои нав тамин шуданд.
Ҳоло дар ҷумҳурӣ 3774 корхонаи саноатӣ фаъолият доранд, ки нисбат ба соли 2023-юм 330 корхона зиёд аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ