Шералӣ Мирзо: Низомиён бояд дар ҳолати омодабош бошанд

Вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ба ҳамкориҳои низомиёни Тоҷикистон ва Русия дар ҷараёни тамринҳои дуҷониба баҳои мусбат дод, Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо такя ба сардори маркази матбуоти вазорати дифоъи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадализода хабар медиҳад. Вазир «ба ҳамкории воҳидҳо дар иҷрои миссияҳои ҷангӣ, ки барои қобилияти мудофиавии давлатҳо заруранд, баҳои хуб дод». «Дар суханронии худ раҳбари Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ таъкид намуд, ки воҳидҳои низомӣ дар робита ба ҳаводиси Афғонистон ва вазъи ноором дар минтақа бояд дар ҳолати омодабош қарор гиранд», — гуфт Маҳмадализода. Ба гуфтаи роҳбари маркази матбуот, рафти машқҳои Тоҷикистону Русияро, аз ҷумла, котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода ва раҳбари ситоди муштараки СААД Анатолий Сидоров мушоҳида кардаанд. Бино ба иттилоъи вазорати дифоъ, машқҳои дуҷонибаи ҳайати низомии Тоҷикистон ва Русия, ки дар он ҳазор нафар ширкат карданд, бо истифода аз техникаи низомӣ, танк, тӯпхона ва навъҳои гуногуни аслиҳаи муосир баргузор шуд. Қаблан хабар дода шуда буд, ки ҷузъу томҳои пойгоҳи низомии 201 -уми Русия ва Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон вазифаҳои тамринҳои тактикиро барои шикасти дастаҳои шартии роҳзанону дар машқгоҳи Момирак кор карда баромадаанд. Низомиёни Русия, Беларус, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон амалҳои муштаракро барои рафъи ҳамлаи террористӣ анҷом медиҳанд. Дар маҷмӯъ ба машқҳо 4 ҳазор нафар ва беш аз 500 адад таҷҳизот ҷалб шудаанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.