Шеъре, ки хомӯш шуд…
Он шоми Ховалинг пуртаҳлука буд. Дар домани кӯҳҳои осмонбӯс, деҳа шоҳиди шодиву васли ду навҷавон мегашт. Гулхани тӯйи арӯсӣ дили шаби сардро гарм мекард, садои доираву дутор бо хандаи меҳмонон даромехта, баҳс бо оҳанги дарёи Ховалинг дошт.
Аммо дуртар аз маҳфили базм, ҷавони тахминан 35-сола бо ҳамсараш канори девор рост истода, баҳс доштанд. Онҳо кӯшиш мекарданд ором суҳбат кунанд, аммо дили пуршӯри ҷавон мисли дарё меҷӯшид. Маълум буд, ки касе ба торҳои нозуки асаби ӯ нохун зада буд. Дили зан аз хатаре гувоҳӣ медод, ки намегузошт мард аз наздаш дур шавад. Аммо ӯ башаст кӯдакашро ба оғӯш гирифт ва ба илтиҷои ҳамсараш нигоҳ накарда, ба «Жигули»-и сафед нишаст.
Чанбараки мошин ҷониби Кӯлоб тоб хӯрд.
Он шаб базми дигаре дар Кӯлоб, дар хонаи Ашӯр Сафар гарм шуд. Базми шеъру адаб. Овози баланди шеърхонӣ бо садои ба ҳам бархӯрдани ҷомҳо дили шабро пора мекард.
Аммо субҳ…
***
Рӯзи дигар, дар маркази Восеъ, садои зарбаи бо ҳам бархӯрдани ду мошин оромии сокинонро халадор кард. «Жигули»-и сафед бо суръат ба ЗИЛ-и бензинкаш бархӯрд.
Мардум ҷойи тасодум давиданд. Дар зери чархи оҳанин ҷисми хунолуди ҷавони 35-сола мехобид. Ҷавоне, ки қалби пурорзу дошт, ташнаи зиндагӣ буд. Писаракаш, ки тани решаи шикастаи падарро бо дасти кӯчакаш ба оғӯш гирифта буд, бо пойи хуншор ва ҷисми ларзон, дар зери осмони пурасрор мегирист.
Ин хабар, чун оташи хушксӯз, ба Душанбе расид. Вақте ки садои оҳанги марг ба гӯши Сотим Улуғзода расид, он абармарди сухан, ки Восеъро зинда карда буд, наъра зад. Наърае, ки осмонро ба ларза овард.
Соҳиб Табаров, адабиётшиносе, ки ӯро Белинскийи тоҷикон меномиданд, бо асои ларзон худро ба хиёбони Садриддин Айнӣ зад. Нафас дар гулӯи Лоиқ Шералӣ дармонд. Бозор Собир, ки ҳар мисрааш саршори муҳаббат ба зиндагӣ буд, мотам гирифт. Гулназар, Саидалӣ Маъмур – ҳамаи онҳое, ки ба ҷисми шеър рӯҳ мебахшиданд, ҷомаи мотам ба тан карданд.
Баъди лаҳзае, дар канори роҳ марде пайдо шуд: нур дар нигоҳ, хилъати сафед дар тан, сукути осмон дар рӯй. Ӯ мулло Ҳайдар буд, ки бо қадами ором ба “Жигули”-и пора-пора наздик омад, бо ду даст, ки ларзиши сабри солҳоро доштанд, ҷасадро дар бағал гирифт, мисле ки як китобро, як васиятро, як умеди нотамомро. Ӯ чизе намегуфт, вале аз лабонаш дуо мешорид. Осмон ба ӯ менигарист, шамол намевазид – гӯё табиат низ сар фуруд оварда буд. Ӯ ҷасадро ба мошини «Москвич-412» гузошт. Ҷасаде, ки дар он на ҷон, балки шеър хобида буд – бе мисраъ, бе нукта, бе наво…
Ҷисме, ки нафаси охирини сухан дар лабонаш монда буд.
Сипас мошин ба ҳаракат даромад, ба роҳе, ки дигар бозгашт надошт. Дар дохили он, хомӯш ва пурдард шеъре ба зодгоҳаш бармегашт.
Ба Ховалинг.
Чилчанор
Дар маркази деҳа, зери чинорҳои қадима, ки шоҳиди садҳо мавриди гиря ва ханда буданд, мардум гирд омада буданд. Аз гиряи занон осмон тира буд. Аз сукути пирон дили замин меларзид.
Назди ҷасад чор писарак нишаста буданд: яке 14-сола, дуюмӣ 12-сола, дигаре 8-сола, хурдтарин – ҳамагӣ 3-сола. Онҳо писарони он махзани шеър буданд – Беҳрӯз, Беҳзод, Фаридун, Фирдавс.
Он рӯз барои онҳо анҷоми даврони кӯдакӣ, суруру шодӣ, ба коми хок фурӯ рафтани орзуҳо буд. Зеро ҳар рӯзашон бо оғӯши падар оғоз мешуд ва бо садои шеър ба поён мерасид…
Шоирон, дӯстон сари тобути Ҳабибулло Файзулло шеър мехонданд, деҳа бо фарзанди ҷавонмаргаш падруд мегуфт.

Ҷавоне аз кӯҳистон, ки мисраъ шуд
Ҳабибулло 15-уми марти соли 1945 дар оғӯши деҳаи сарсабзи Ховалинг, дар оилаи зиёӣ ба дунё омад. Падари ӯ Мулло Файзулло марди ботақво ва донишманде буд, ки аз Бухоро илм оварда буд.
Ҳабибулло дар чунин як хонадон ба камол расид.
Шӯхтабиат буд, суханашро бо шеър баён мекард. Каломи шеърро муаллимони мактаби деҳа ба даҳони ӯ гузошта буданд. Ӯ пас аз хатми синфи ҳаштум ба Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Кӯлоб дохил шуд. Аммо муҳаббати шеъру сухан бо шиддати бештаре дилашро фаро гирифт.
Як шеъри танқидии ӯ нисбати директори омӯзишгоҳ сабаби ихроҷаш шуд. Ба шикаст нарафт, ба деҳа баргашт ва таҳсилро дар мактаби шабонаи коргарҷавонон идома дод. Ҳамзамон дар рӯзномаи «Ҳақиқати Кӯлоб» ба ҳайси мусаҳҳеҳ корро оғоз кард ва аввалин шеъраш нашр шуд.
Ҳамон як шеър чун қатраи борон дар дили замин нишона буд.
Вохӯрии тақдирсоз
Баҳори соли 1961. Устод Сотим Улуғзода, нависандаи маъруф барои ҷамъоварии маводи романи «Восеъ» ба Ховалинг меояд ва дар хонаи падари Ҳабибулло меҳмон мешавад.
Ҷавонмарди шеърдӯст, ки об ба дасти устод мерехт, ба ӯ дафтари шеърҳояшро нишон дод. Устод шеърҳоро мехонад ва бо ҳиссиёти амиқ мегӯяд:
– Дар пойтахт ту бояд хонӣ, ливои адабиёти тоҷикро бардорӣ.
Ӯ ба пойтахт меояд ва ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи адабиёт ва таърихи Донишгоҳи омӯзгорӣ месупорад. Вале мурғи иқбол ба бозуяш наменишинад.
Ҳабибулло сарафканда дар хиёбони Орҷоникидзе қадам мезад. Чашмонаш аз бехобӣ ё гиря буд, ки варам доштанд. Мисли оне, ки дар дил шуълаи умед хомӯш мешуд. Байни садҳо чеҳраи пурнур ва ҳаяҷонзада, ӯ танҳо гашт мезад – сархам, ногуфтаниҳо дар лаб, парешонии гӯё беасос дар нигоҳи ҷавон.
Устод Сотим Улуғзода ногаҳон аз дур ӯро диданд. Шинохтанд ва ба сӯяш рафтанд.
– Чӣ шуд, Ҳабибулло? Чаро ин қадар андуҳгинӣ?
Ҷавон, ки чун донаи борон бар барги сабз ларзиш дошт, бо овозе фурӯ хаста гуфт:
– Афтодам.
– Аз куҷо афтодӣ,- пурсиданд дубора.
– Аз имтиҳон,- ва сипас давом дод,- аз имтиҳони адабиёт чор гирифтам, устод… Як хол нарасид. Нагузаштам.
Улуғзода боз пурсиданд:
– Магар саволҳоро намедонистӣ?
Ҳабибулло оҳ кашид:
– Ба ҳама саволҳо ҷавоб додам… Аммо соли таваллуди Носири Хусравро… натавонистам аниқ гӯям…
Устод Улуғзода лаҳзае сукут карданд. Баъд бо қотеият гуфтанд:
– Аз паси ман биё…
Онҳо вориди бинои кории Иттифоқи нависандагон шуданд. Устод ба дафтари худ даромаданд ва бидуни таъхир гӯшии телефонро бардоштанд ва ба ректори донишгоҳ занг заданд.
Дар он сӯйи хат садои эҳтиром баланд шуд:
– Салом, устод Улуғзода! Чӣ хизмат кунам?
– Як савол дорам,- бо оромӣ пурсиданд устод.- Носири Хусрав кай таваллуд шудааст?
Ректор лаҳзае хомӯш монд. Пасон гуфт:
– Ростӣ, ҳоло ба ёд надорам. Лекин ҳозир мепурсам. Ба шумо хабар медиҳам.
Улуғзода каме сукут карданд. Сипас, он қадар ҷиддӣ ва самимӣ гуфтанд, ки ҳар калима мисли пораи ҳақиқат ба дил менишаст:
– Агар ману шумо устодон соли таваллуди Носири Хусравро намедонем, оё ин асос шуда метавонад, ки ба ҷавоне, ки дилаш пур аз шеър аст, ба поёнтар аз донишаш баҳо гузорем? Мегӯянд, ки адабиётро эҳсос бояд кард, на рақамҳоро.
Дар он сӯйи телефон сукут ҳукмфармо шуд. Сипас садои ректор тағйир ёфт, нарм шуд, мутмаин:
– Мақсадатонро фаҳмидам, устод. Ман дастур медиҳам. Ӯро қабул мекунанд.
Ҳабибулло он лаҳза хомӯш буд. Аммо чашмонаш чун ду қатра аз «Қатраи борон» медурахшиданд.
Он рӯз, дар он утоқи пур аз китобу орзу, як шоир таваллуд ёфт – боз як шоири ҳақиқии тоҷик, ки шеъраш аз меҳрубонии устод сарчашма гирифт ва бо садои ҳақиқат ба дилҳо роҳ меёфт.
Баъдтар, соли 1966 дар пешгуфтор ба китоби “Қатраи борон”-и Ҳабибулло Файзуллоев утод Сотим Улуғзода менависанд: “Дар баҳори соли 1961 маро сафари кӯҳистон иттифоқ афтода буд. Дар Ховалинг навҷавони қишлоқие маро дар кӯча дида ба сӯям омад, шармгинона саломам дод, худро шиносонд. Ӯ барои тамом кардани синфи даҳум ба Кӯлоб рафта, дар ин шаҳр мехондааст ва ҳам дар газетаи районӣ мусаҳҳеҳ (корректор) шуда хизмат мекардааст.
Ман ба тамошои гирду атрофи Ховалинг – ватани Восеъ баромада будам, ҷавон ба сифати роҳбалад ба ман ҳамроҳӣ кард. Дар аснои сайру гашт ӯ гуфт, ки гоҳо худаш шеър менависад ва хоҳиш кард шеърҳояшро хонаду ман шунавам. Ман аввал ба шеърҳонии ӯ дилу бедилон гӯш кардам, зеро ба ҷавонони ҳаваскори шеъргӯӣ ва шоиршав бисёр вохӯрда будам, дар аксарияти онҳо ҳавасро зиёдтар ва истеъдодро камтар мушоҳида менамудам. Аммо кам-кам дар ман нисбат ба шеърҳои ӯ мароқе ва таваҷҷуҳе пайдо гардид: аз байни мисраъҳои саҳлу нимхому носуфта гоҳ-гоҳ мушоҳидаи борики шоиронае ё ташбеҳи тозаву обдоре, ё лавҳаи нафиси дилчаспе баромада мемонд. Инҳо ҷавҳари истеъдодро ошкор месохтанд. Ман ҳатто бо андак тасҳеҳ ду-се шеъри ӯро ба чоп тавсия ҳам кардам.
Ин навҷавон муаллифи ҳамин маҷмӯа Ҳабибулло Файзулло буд.
Ман ба ӯ баъд аз хатми мактаби миёна ҳатман ба Душанбе омада, ба ягон омӯзишгоҳи олӣ дохил шуданро маслиҳат додам.
Ӯ имсол Институти педагогии ба номи Шевченкоро тамом кард. Шеърҳои дар ин маҷмӯаи хурдтарак чопшуда маҳсули солҳои студентии Ҳабибулло мебошанд. Ӯ гоҳ-гоҳ шеърҳои навашро назди ман оварда мехонд, ман бо хурсандӣ медидам, ки истеъдодаш аз шеър то шеър шукуфта истодааст. Дуруст аст, ки ҳоло лирикам ӯ аз доираи «рози дил»-и шахсӣ, аз чаҳорчӯбаи ишқу сӯзи ҷавонӣ он қадар берун намебарояд ва баъзе ғазалҳояш анъанавӣ, тақлидӣ мебошанд. Аммо кадом шоир дар ҷавонӣ ин роҳ, ин марҳаларо тай накардааст? Ӯ бо кӯшиши тамом дар адабиёт пайроҳаи хоси худро меҷӯяд ва ҷустуҷӯяш бемуваффақият нест. Вай рӯ ба камолот рафта истодааст.
Ин ба мо умед мебахшад, ба мо ҳақ медиҳад, ки шоири ҷавонро бо «фотиҳа»-и нек ба шоҳроҳи адабиёти советӣ гусел кунем.
Сотим Улуғзода”.

Шоире, ки шеър нафас мекашид
Солҳои донишҷӯӣ барои Ҳабибулло солҳои шуълавар буданд. Ӯ бо аҳли адаб, бо Лоиқ Шералӣ, Саидалӣ Маъмур, Бозор Собир, Гулназар шинос шуд, шеър навишт ва муҳаббати хонандагонро касб кард.
Соли 1966 аввалин маҷмӯааш «Қатраи борон» нашр шуд. Ва ҳамагӣ як сол баъд, дар синни 22-солагӣ ба узвияти Иттифоқи нависандагони СССР қабул гардид. Ба гуфтаи Мирзо Турсунзода:
«Мо хурсандем, ки ба сафи якдилу меҳрубони шоирони мо ҷавонони пуристеъдоде мисли Ҳабибулло Файзулло пайваста истодаанд…».
Ҳабибулло шеър нафас мекашид. Ӯ зиндагиро аз равзанаи шеър медид, ба мисли тифле, ки ҷаҳонро аз чашми модар меомӯзад.
«Зиндагӣ ҳар рӯз бо ранги дигар,
Ҳамчу тифле ҳарф ёдам медиҳад…».

Баҳори нотамом…
Ҳабибулло зиндагии кӯтоҳ, вале пурбор дошт. Ӯ тавонист дар муддати 15 соли эҷодиаш маҷмӯаҳои «Дунёи ҷавонӣ», «Афсонаи дарё», «Дидори орзуҳо», «Чил чинор» ва дигарҳоро эҷод кунад. Бо Сафиябону – ҳамсари вафодор ва модари фарзандонаш оилаи самимие бунёд кард.
Аммо…
Дар роҳи Восеъ, дар як рӯзи ба назар оддӣ, замон як шеъри нотамомро бо худ бурд. Вале аз ӯ фарзанд монд – Беҳрӯз, Беҳзод, Фаридун ва Фирдавс. Аз ӯ китоб монд. Аз ӯ ном монд. Ва аз ӯ – як ҷаҳон шеър…
Шеъре, ки ногуфта монд, вале ҳар як тоҷик онро мешунавад. Аз зери чинор, аз миёни замзамаи кӯдак, аз саҳифаи китоб, аз лаби модаре, ки мегӯяд:
– Ӯ ҳеҷ гоҳ ором намеистод…
Ҳабибулло ҳанӯз ҳам шеър аст.
Панҷгона
Онҳо панҷ ангушти як даст буданд – ҷудонопазир, ҷӯянда, ҳамҳадаф. Панҷ ҷавони сухандон, панҷ оташи гудозони шеър, ки дар миёнаи садаи гузашта, дар замоне ки шеър ҳамчун нон, ҳамчун нур ва ҳамчун нафас зарур буд, ба саҳнаи адабиёти тоҷик қадам гузоштанд.
Ҳабибулло Файзулло, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулназар Келдӣ, Саидалӣ Маъмур – ин панҷгона мисли панҷ қатраи об, ки дар як кӯзаи маърифат ҷамъ омада бошанд, рӯҳи тоза ба назми тоҷик бахшиданд. Онҳо на танҳо шоир буданд, балки фурӯғи андеша, оини дӯстӣ ва панду паёми насле гаштанд, ки мехост бо сухан ҷаҳонро тағйир диҳад.
Онҳо ҳамнафас буданд – дар шодиву ғам, дар орзуҳои бузург ва дар шеъри содиқ. Гоҳе шеър менавиштанд, гоҳе сари як пиёлаи май баҳс мекарданд, гоҳе якдигарро танқид менамуданд ва гоҳе танҳо бо сукут ҳамдигарро мефаҳмиданд, вале ҳамеша бо ҳамдилӣ мезистанд.
Онҳоро андеша муттаҳид карда буд – андешаи амиқ, озод ва ҷавонмардона; андеша дар бораи Ватан, дар бораи одам, дар бораи ишқ, одоб, нобаробарӣ, ростӣ. Онҳоро садоқат ба сухан ба ҳам оварда буд – сухани пок, сухани шоир, сухане, ки аз дили халқ ба қалами онҳо рехта, аз қалами онҳо ба дили халқ бармегашт.
Онҳо дар майдони шеър рақиб набуданд, рафиқ буданд. Аз якдигар илҳом мегирифтанд, якдигарро месанҷиданд, ба якдигар қувват мебахшиданд. Ҳар кадом роҳу услуби хоси худро дошт, вале ҳамбастагӣ онҳоро комил мекард. Панҷ чеҳра, панҷ сабк, вале як ният: бо шеър зиндагиро равшантар кардан.
Ҳар кӣ аз паси онҳо меояд, бояд бидонад: адабиёт дар он солҳо на танҳо касб, балки маслак буд; шеър танҳо калом набуд, балки қарз, қасам ва ормон.
Ҳабибулло Файзулло – нафаси борон, қалами сабзи кӯҳистон
Шоири меҳру маънӣ. Содаву самимӣ. Шеъраш мисли қатраҳои борони баҳорӣ – софу сафед, дар айни замон пур аз эҳсос. Бо садои орому сукутомезаш дӯстонашро ба олами нармии забон мебурд. Ӯ шеъри покро наменавишт, нафас мекашид. Барояш шеър зиндагӣ буд. Ва зиндагии кӯтоҳаш пур аз шеъру сӯз…
Лоиқ Шералӣ – кӯҳи афкор, сели сухан
Фалсафаи тоҷик дар андешаи ӯ таровид. Вожаҳо дар дасташ об мешуданду оина. Қуллаҳои фикрро мепаймуд, вале бо мардум мемонд. Бо шеър ҳукм намекард, бо шеър инсонро бедор мекард. Дӯстиву баҳс бо ӯ маънии дигар дошт: ҳам шӯр буд ва ҳам нур.
Бозор Собир – шӯри фитнабори шеър
Гуфтани чизе, ки дигарон ҷуръат надоштанд, рисолати ӯ буд. Бозор калимаро мешикаст, маънӣ месохт. Вай аз миёни одамон сухан бармедошт, ба осмон мебурд, баъд дубора ба синаи мардум мегузошт. Дар дили ҳар баҳси адабӣ ӯ оташе буд, ки ҷилои ҳақиқатро медод.
Гулназар Келдӣ – шоири нур ва нуронии андеша
Сарояндаи шеъри миллӣ, дӯстдори ватан ва муҳаббат. Шеърҳояш мисли оҳанги баланд дар саҳро танинандоз буданд. Ӯ бо Ҳабибулло на танҳо ҳамқадаму ҳамнафас буд – балки як рӯҳ, як дил, як ормон доштанд. Ҳар шеъри Гулназар садои умумии панҷгона буд.
Саидалӣ Маъмур – овози поки суннат ва эҳсос
Бо нигоҳи классикӣ Саидалӣ шеърро ҳамчун мероси маънавӣ медид. Аммо қаламаш бо ҳаёт мезист. Бо Ҳабибулло дар сари ҳар як шеър баҳс мекарданд, баҳсе ширин, баҳсе созанда. Ӯ шахсияти ором, вале устувор буд.
Ҳамин тавр, онҳо панҷ нур буданд дар як офтоби сухан. Якеро набудӣ, дигаре танҳо мемонд. Вақте Ҳабибулло рафт, доғе бар ҷон монд, ки дар шеърҳои Лоиқ, дар сукути Бозор, дар андешаи Гулназар ва дар назми Саидалӣ эҳсос мешуд…
Ду таътил, як шеър
Аз гуфтори Беҳзод Файзулло
Пас аз марги падар, зиндагии мо маҷрои дигар гирифт. Гӯё калимае, ки як ҷумлаи комилро васл мекард, нопадид шуд ва ҷумларо ноқис гузошт. Падар рафт, вале ҷояш холӣ намонд. Ӯро шеър пур кард. Ӯро ёдҳо пур карданд. Ӯро модари мо, муаллимаи меҳрубон бо нон, бо об, бо меҳр пур кард.
Мо ду таътил доштем.
Яке, таътили тутхӯрӣ дар Ховалинг, ки бо бӯйи замини тар, бо чеҳраи бибии пир ва бо садои падар, ки аз шохи тут шеър мехонд, омехта буд. Чашмони мо болои тут, гӯшҳоямон болои ҳарф.
Дигаре, таътили зардолухӯрӣ дар Айнӣ, ки бӯи гарми офтоб дошт, нақлу шӯхии тағоҳо ва хандон-хандон даст афшодани модар ба сӯи мо кӯдакон. Дар он ҷо падар набуд, вале шеърҳояш бо мо буданд. Шеър мисли соя ҳамеша бо мо буд.
Падару модарам ду гӯшаи Тоҷикистонро бо ҳам пайванд дода буданд. Яке аз Ховалинг – ҷануб, дигаре аз Айнӣ – шимол. Аммо мо инро намефаҳмидем. Мо “ҷануб” ва “шимол”-ро аз рӯйи харита намедонистем. Барои мо танҳо як Тоҷикистон буд – бо чеҳраи падар ва овози модар.
Модари ман ҳеҷ гоҳ сухани зиёд намегуфт, вале ҳар кори ӯ шеър буд. Мегуфт: «Падарат шеър мегуфт, ман бояд зиндагиро қофия бандам…».
Ва ӯ ин корро кард. Ӯ зиндагии моро бо меҳнат, бо сабр ва бо муҳаббат қофия баст.
Шариф ҲАМДАМПУР
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ